Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ин «беборро» фурӯхтан лозим, зеро ҳаргиз ӯ шири фаровон нахоҳад дод,— мегуфт борҳо Нортоҷ.— Беҳтараш сарборӣ чанд пул дода ягон гови ширдеҳаро мехарид. Ҳар чӣ ҳам набошад мо ду бача дорем ва онро сер кардан мебояд. Ин гови ту бошад пистонаш як мушт аст. Мечароиему «налог» медиҳем...
Падарандараш дар кори хона ландаҳур буду гап дода, худашро канор мекашид, модараш бошад, маълум буд, ки заҳмат мекашид, аммо дар якравӣ аз ӯ мондагӣ надошт. Охири охирон ӯ розӣ шуд.
— Хайр, мефурӯшам ӯро. Бо баҳонаи ҳамин ба шаҳр мераваму... Дар шаҳр корам ҳаст! — Ва чӣ шуд ки ӯ ба бачандараш чашмак зад.
— Ана ҳамроҳи Пӯлод меравем, ӯ йигити боварибахш аст. Ба ҳар ҳол «беборро» нигоҳбон мешавад...
Модар аз таърифи писараш ва ранги дигар гирифтани кор шод шуд, ки фармуд:
— Агар гови хуб пайдо нашавад, метавонед, ки нахаред. Беҳтарашро интизор мешавем. Ё ки дар ҳамин деҳа аз касе хоҳем харид.
Рӯзи якшанбе «беборро» дунбораи аспи зникардаи колхоз бастанду Пӯлодро аз қафо шинонда, Ялқоп аспро аз ҳавлӣ баровард. Онҳоро ҳама аҳли оила гусел карданд. Ҳатто Холбика, ки бо ин гов одат карда буд, аз кулбааш берун баромад. Илҳон нигоҳи ранҷомезе карду таАССУФ хӯрд, ки падараш ӯро не, Пӯлодро то шаҳр ҳамроҳи худ гирифт. Охир дидани шаҳр орзуи ҳар як бача аст. Пӯлод аз ин шод буд, аммо бо алам ба ӯ нигаристу боз андешид, ки охир ӯро читур ҳамроҳ гиранд, ки дар роҳ хобаш мебурд. Зеро кор муҳим аст, ин ҷо чолокиву ҳушёрӣ лозим буд.
Онҳо тамоми роҳ хомӯш рафтанд ва падарандараш ғарқи андешае ба атроф назар дӯхта буд. Роҳашон аз як ҷои дилгиркунанда мегузашт. Ҳарҷо-ҳарҷо регтеппаҳо ва зери осмони хокистарии пеш аз зимистон ягон-ягон буттаҳои ушна ба назар мерасид. Дар тӯли роҳ фақат ба онҳо як мӯсафеди аспсавор дучор омад, аммо Ялқоп ба ӯ начандон гарм салом доду истодан намехост, ки мӯсафед мақсади сафари онҳоро пурсид...
— Бале, говҳарӣ, — ин барои ту кутии гӯгирд нест-ку... гуфт ӯ оқибат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё