Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Не дар деҳа бигузор онҳо барои худ ёбанд. Ҳа, ногуфта намонад, ки ту нишонии тағоятро медонӣ?

— Медонам,— гуфт аз пушти ӯ Пӯлод.— Фақат роҳаш аз ёдам рафтааст... Дар кӯчаи Будённый ва хонааш ҳаждаҳ.

— Ҳа, ин тур бошад мо меёбем — қаноатмандона гуфт падарандараш.

— Ту чӣ фикр дорӣ, оё моро ба хешовандӣ қабул мекунад?

— Албатта... — гуфт Пӯлод, аммо ӯ бе модараш бо ин хеши бегона ба хонаи тағои Оннамуродаш рафтан намехост.

— Хайр, хеле хуб. Дер ё барвақт, ба ҳар ҳол шинос шуданамон лозим. Ва барвақташ хубтар аст,— табассуме намуд ӯ ва аспро ҳадаҳа кард.— Хешовандон решаи авлоданд... ана ҳамин хел.

Як гӯшаи шаҳр ҳам аз дур намоён шуд, ки бетартибу кулбаву хонаҳояш назарногир буданд. Паҳлӯи онҳо, аз болои роҳи оҳан хуштаккашон ва аз худ дуди сафед сар дода бо хонаҳои аз пушти ҳам пайваста каторе гузашт. Қатора чархҳои бешуморашро базӯр кашида вориди як ҳавлии калон шуд.

— Ин мошин ба русӣ «паровоз» ном дорад: ана ҳамин хел. Фаҳмидӣ?! — бо қаноатмандӣ гуфт падарандараш, ки гӯё онро худаш ихтироъ карда ва соҳибаш буд.— Ана ин оҳан ки он аз болояш мегузарад, номаш... чӣ хел буд... Ҳе шайтоне, фаромӯш кардам!

— Рельс — ба ӯ фаҳмонд Пӯлод.

— Рельс, рельс — такрор кард ӯ ва ба Пӯлод бо ҳайрат нигариста:

— Ту бубин-а. Медонад-э...

Онҳо аз ин кӯча хеле тӯлонӣ роҳ рафтанд ду бо ҳам ҳарфе назаданд.

Зеро атроф диққати онҳоро ба худ кашида буд. Бо ин ҳама боз гови ба ин ҷоҳо одатнакарда худро ба бадани асп чафс мекард, ки онро назорат кардан лозим буд. Охири охирон онҳо дохили ҳавлии бозор шуданд, ки пур аз овози ғавғо ва чеҳраҳои гуногуни одамон буд... Маълум, ки бозор ҳар бор ба Ялқӯп ҳам асарашро мегузошт:

— Ваҳ, чиҳое, ки ин ҷо намефурӯшанд! Боз мегӯянд, ки чизе нест... Ҳама чиз ҳаст, фақат агар пул бошад!...

Пӯлод пиндошт, ки бо ин гов онҳо ба касе лозим нестанд ва дар ин издиҳоми серғавғо гум хоҳанд шуд.

пешина
аз 328
навбатӣ