Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо ҳоло дар ҳар хонадон чанд нафар унвони ҳоҷигӣ доранд. Аз унвон гуфтанам ҳайрон нашавед. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мегӯянд, ки ҳоҷиҳоро дар маҳракаҳо ҷойи баланд асту ҷойгоҳ ҳам баланд. Албатта, оне, ки ҳаҷи фарзиро адо карда бошад, ҷояш болотар аз ҳама. Онҳо ҷойи умраҳоҷиҳоро аз худашон поёнтар мешуморанд. Дар воқеъ, нархномаи ҳаҷи умра, ки тавассути ширкатҳои ҷаҳонгардӣ ё “ҳоҷибаракҳо” анҷом дода мешавад, пасттар аст, яъне, ҳамин шабу рӯз дар атрофи 1000-1200 доллари амрикой.

Хуллас, ҳоло як мусалмон метавонад 3-4-5 карат ҳоҷӣ шавад, шукрат. Баъзе худоҷӯйҳои муҳоҷир ё мансабдорон, бемуҳобо, аз кӯдакӣ гаҳвора то модаркалони 90-солаашонро ҳоҷӣ мекунанд. Ҳалолашон бод. Аммо чӣ кунем, ки зеҳну ақли на ҳар тифли ноболиғу на ҳар пири умрдида ба андозаи ҷавонони солимтан асту моҳияти ин амалро комилан мефаҳманд.

Назар ба гуфтаҳои ҳамсояи хушҷакқакам Қурбонгул, хешбачааш Мукаррамшоҳи батақво ҳам, ки аз сармои Сибир пойдарду гурдадард шудааст, чунин нияти нек карда будааст. Ӯ чандин сол нахӯрдиву напӯшида, пул ҷамъ кардаасту ба бародараш Муборакшоҳ маблағи ҳангуфте фиристодааст, ки зану духтару янгаву холаву модару падару бибию ҳатто бибикалони навадучандсолаш кампири Момогулро ба зиёрати Маккаву Мадина бибарад.

Қисса кӯтоҳ, ҳайъати бисёрнафара дар давоми ним моҳ сиҳату саломат вароифи ҳаҷро ба анҷом расонида, бо чандин ҷомадони пурбор ба зодгоҳ ҳоҷӣ шуда баргаштаанд, ки муборакашон бод! Мегӯянд, танҳо барои пойандози ҳоҷиҳо 100 газ маҳмалу атласу кимхо сарф шудааст. Аз рӯйи таъомули нав қариб ҳафтод рӯзи тамом дастархони пурфайзи ин хонадон алоҳида-алоҳида барои марду зан кушода будасту «зиёратқабулгӯйҳо» баъди зиёфат ҳар яке бо худ ҷойнамозе, тасбеҳе, ангуштаре, аз оби Замзам шишае табаррукӣ мебурдаанд. Дар ин миён Мукаррамшоҳи муҳоҷири дардманд се-чор бор ба номи бародараш Мунавварҳоҷӣ пул гузаронидааст, то маросими

пешина
аз 208
навбатӣ