Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

мегӯем, ки ин нишонаи оҷизӣ дар сухан аст. Мо ин айбро гаштаву баргашта таъкид мекунем, то ки ба чӣ андоза нодуруст будани саргармӣ бо сифати феълӣ маълум шавад. Ин ҳақиқат аз мисолҳои дигар ҳам ошкор мегардад. Чунончи:
«Дар рӯшноии шамъи хира сӯхтаистода шах шуда монданд».

Дар ин маврид ба сифати феълин вазнину дарози хира сӯхтаистода, ки ду асоси феъл дорад («сӯхт» ва «истод»), ҳеҷ эҳтиёҷ набуд. Онро бо калимаи мураккаби суфтаю рехтаи хирасӯз иваз кардан мумкин буд. Хирасӯз кайҳо боз дар забон мавҷуд аст ва ба ҳар хонанда фаҳмост. Аз ин рӯ, мо ба ҷойи ин калимаи дуҷузъии кӯтоҳ ва зебову хушнавоз истифода шудани як сифати феълии гаронро ҷоиз намедонем.

Акнун ин ҷумларо бинем:
«Онро бо арғамчинҳои аз сим бофташудаи ғафс бастанд».

Ба ҷойи ин сифати феълӣ ҳам калимаи мураккаби муҷаз ёфтан мумкин буд. Ин калимаи мураккаб симбофт аст: Онро бо арғамчинҳои симбофти ғафс бастанд. Азбаски симбофт вақти қаламронӣ ба хотири нависанда нарасидааст, ибораи дарози аз сим бофташуда ба рӯйи коғаз омадааст. Ба ҷойи калимаи табиъии симбофт омадани ибораи сунъӣ аз сим бофташуда, ба фикри мо, айби калон аст. Чунин иборае ҳар кас ҳам сохта метавонад, лекин сохтани калимае аз қабили симбофт бо ҷидду ҷаҳди эҷодкорӣ муяссар мегардад. Пас дар ин маврид ҳам сифати феълӣ натиҷаи саҳлгирӣ ва гурехтан аз ҷӯстуҷӯст. Ба кори осон одат кардаем, аз ҳамин сабаб шаклҳои номатлуб, аз ҷумла сифати феълӣ ривоҷ ёфта истодааст.

Ривоҷу равнақи беназири сифати феълӣ ба фаромӯш гардидани баъзе калимаҳои мураккаби зебо ва маълуму машҳур боис шуда истодааст. Фақат дар натиҷаи фаромӯш шудани калимаи саргузашт дар ҷумлаи зерин як сифати феълӣ ба миён омадааст:
«Қаҳрамони баъзе достонҳо худи муаллифон буда, воқеаҳои аз сари онҳо гузашта тору пуди асарро ташкил мекунанд».

Шубҳае нест, ки ба ҷойи воқеаҳои аз сари онҳо гузашта саргузашти онҳо гуфтан даркор буд.

Дар ҷумлаҳои зерин низ ба ҷойи калимаи мураккаб омадани сифати феълӣ дида мешавад:

пешина
аз 393
навбатӣ