Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
Писари нав таваллудшудаи ӯро дуздиданд. Аламҳои дилашро бароварда, барои ишқи нав тав-лидёфта ҷои холӣ мекард.
Лоҳутӣ яке аз роҳбарони нашриёти навташкилёфтаи Тоҷикистон буд.
Хонандаи нав саводнокшуда ба сӯйи донишҳои ҳо-зиразамон кашида шуд.
Ба фикри мо, дар чунин ҷумлаҳо сифати феълӣ ни-шонаи одӣ ва дурушт шудани сухан аст. Фақат дар сурате ки ба ҷойи писари нав таваллудшуда писари навзод мегӯем, ба ҷойи ишқи нав тавлидёфта ишқи навтавлид, ба ҷойи хонандаи нав саводнокшуда хонан-даи навсавод, ба ҷойи нашриёти нав ташкилёфта наш-риёти навбунёд ё навтаъсис мегӯем, ибора шакли ду-руст мегирад ё ба шакли дуруст наздик мешавад, аз қолаби русӣ мебарояд.
Албатта, ин калимаҳои мураккаб ва он сифатҳои феълӣ ба зоҳир ҳаммаъно буда, дар сурати пеш ома-дани зарурат якдигарро иваз карда метавонанд. Ле-кин аз дидгоҳи меъёри олии зебоӣ нигоҳ кунем, яъне моҳияти мантиқӣ ва эстетикиро ба назар гирем, бояд гӯем, ки он сифатҳои феълӣ ҳаргиз ба ин калимаҳои мураккаб баробар шуда наметавонанд. Агар сухани асил хоҳем, бояд ба ин калимаҳои мураккаб бартарӣ диҳем.
Ин гапро дар ҳаққи бисёре аз дигар муродифҳои сифати феълӣ, ки дар ин баҳс тавсия шуд, низ гуф-тан лозим аст.
Аз ин ҷо чунин хулоса ба миён меояд: Азбаски си-фати феълӣ шакли одӣ ва осони ифодаи фикр аст, ҷойи дигар тарзҳои баён ва шаклу воситаҳо, ҷойи калимаи мураккаб, ҷумлаи пайрав ва ғайраро гирифта исто-дааст. Ин ҳолат, аз як сӯй, имконоти забонро кам ва маҳдуд мекунад, аз сӯйи дигар, ба ҷойи шаклу восита-ҳои табиъии маъмул шаклу воситаҳои сунъии носуфта-ро ривоҷ медиҳад. Фаъол гардидани сифати феълӣ як нишонаи кам шудани имкониятҳои забон, суст шуда-ни мантиқи фикр ва паст шудани фарҳанги сухан аст.
Ибораи дорои сифати феълӣ боз як хели дигар до-рад, ки ибораи тафсилии сифати феълист ва муайян-кунандаи он танҳо аз як исму сифати феълӣ не, бал-ки аз чанд калима иборат аст.
Дар байни ин гуна ибораҳо ҳам бисёр мисолҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё