Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа
хунук ва бенамуд мавҷуданд. Хусусан вақте ки дар як ибора чанд пешоянд паси ҳам меояд, ибора хеле вазнин мешавад. Чунончи: чорвои пӯст ба устухон часпида ва аз гуруснагӣ ҷон ба лаб омадаи колхозҳои район — се пешоянд дорад: марди қоқинаи дарози дар тан куртаи ҷиҷакдору аз рӯй яктаҳи абраостари малларанг, дар по кафши сарипойӣ дошта — се пешоянд дорад. Чунонки маълум аст, аксаран ҳар пешоянд як пуркунанда ё ҳол месозад. Дар ин ибораҳо дар даруни як муайянкунанда се пуркунандаю ҳол ҷой гирифтааст ва зиёда аз ин, ҳар кадоми ин пуркунандаҳо дар дохилаш боз як муайянкунандаи дигар дорад: куртаи ҷиҷакдор, яктаҳи абраостари малларанг, кафши сарипойӣ.
Баъзе аз аҳли қалам аз ин ҳам пештар рафтаанд.
Онҳо ба ибораҳои дорои сифати феълӣ на танҳо дусе пуркунандаю муайянкунанда, балки дигар аъзоҳои ҷумла, пайвандакҳои гуногун, ҳатто калимаю ибораҳои туфайлӣ — хуллас, ки ҳар чӣ дар забони тоҷикӣ ҳаст, — ҳамаро ҷо карда, ибораҳое ба вуҷуд овардаанд, ки мисли баҳри тавил аст ва дар вақти хондан кас сару нуги онро гум мекунад: расми калони монанди одами зиндаи аз дарича сари худро берун оварда ба одамони ин хона бо табассум, вале салобатнок нигоҳ карда истодаи подшоҳ — ду пуркунанда, чор ҳолшарҳкунанда, чанд муайянкунанда ва як пайвандаки хилофӣ дорад; ӯ ба ҳоли он падару модари шояд бо ҳам меҳрубон, вале аз бечорагию дармондагӣ, чунон ки мегӯянд, дар арасот мондаю бо ҳам манша кардаистода дилсӯзӣ мекард — се пуркунанда, як ҳол, чанд муайянкунанда, як пайвандаки хилофӣ, як калимаи туфайӣ ва як ибораи туфайӣ дорад.
Бемуболиға тавон гуфт, ки ба гардани ин ибора бори гароне, ки як ҷумлаи мураккаб базӯр мекашад, гузошта шудааст. Инсоф кунед, рафиқони нависанда, байни ибора ва ҷумлаи мураккаб фарқе гузоштан лозим аст! Фикреро, ки бо як ҷумлаи мураккаб ифода намудан даркор аст, зӯр зада, ба як ибора ҷо кардан нағз нест. Ба ҳоли ибора раҳм кардан лозим аст, дар хусуси ҳусни ибора ва шакли зоҳирии он низ ғамхорие даркор аст. Забони тоҷикӣ забонест, ки ҳусни ибораҳои он шӯҳрате дорад. Имрӯз ибораҳои тоҷикиро то ин дараҷа пеҷ дар пеҷ, муғлак ва баднамо кардан ҳаргиз навпардозӣ нахоҳад буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё