Зеҳн
Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад

Китоб ба масъалаҳои муҳими фарҳанги сухан ва забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф дар он андешаҳои худро оид ба роҳҳои такомули забон ва тарзи баён баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 393 саҳифа

ФарҳангМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

Албатта, нависандаи бузург қудрат дорад, ки фикрро, ки дигарон бо як ҷумлаи мураккаб базӯр ифода менамоянд, бо як ибораи кӯтоҳ адо кунад. Ин гуна мисоли мухтасаргуиро аз эҷодиёти классикон, аз он ҷумла аз асарҳои Айнию Лоҳутӣ бисёр ёфтан мумкин аст. Лекин ибораҳои болоро, ки ҳар кадоме бори як ҷумлаи мураккабро бар дӯш гирифтаанд, намунаи мухтасаргуӣ ҳисоб кардан мумкин нест. Онҳо аломати мавридношиноси мебошанд. Аз ҳамин сабаб маънои он ибораҳоро (хусусан ҷумлаеро, ки ин ибора дар даруни он омадааст) фаҳмидан хеле душвор аст.

Хайрият, ки чунин ибораҳои тафсилии сифати феълӣ дар матбуоти мо кам буда, фақат дар баъзе асарҳои бадеӣ бештар дида мешавад.

Дар хотима боз як навъи сифати феълиро хотиррасон кардан мехоҳем. Ин ҳамон навъест, ки бо пешванди -ме меояд. Чунончи, ба ин тарз:

Кори аз дастамон меомадаро кардем.

Оҳанги онро хабари пеш аз «ман» меомада муайян мекунад.

Агар ба садоноки пас аз он меомада пайваст шавад...

Қасами мехӯрдаатро хӯр.

Кори мекардаат ҳамин бошад...

Ин навъи сифати феълӣ ҳанӯз чандон интишор наёфтааст ва дар матбуот, асарҳои илмӣ ва бадеӣ гоҳ-гоҳ ба чашм мерасаду бас. Фақат баъзе рафиқон, ки нисбат ба забон хеле бепарво ҳастанд, онро истифода менамоянд.

Агар хато накунам, ин навъи сифати феълӣ на дар ягон лаҳҷаву шева ва на дар забони адабии классикӣ дида намешавад. Дар забони адабии ҳозира аз куҷо омадани онро гуфтан душвор аст. Шояд сарчашмаи он як навъи сифати феълӣ бошад, ки бо пасванди -гӣ сохта мешавад ва дар лаҳҷаҳои шимолии забони тоҷикӣ бисёр паҳн шудааст: рафтагӣ, дидагӣ, омадагӣ... Сифати феълие, ки бо -гӣ сохта мешавад, пешванди меқабул мекунад: мерафтагӣ, медидагӣ, меомадагӣ. Гумон меравад, ки аз ҳамин навъи халқӣ дар натиҷаи фурӯгузошти пасванди -гӣ сифатҳои феълии меомада, мехӯрда, мекарда ба вуҷуд омадаанд.

пешина
аз 393
навбатӣ