Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

вазнин аст. Аз як мусибат раҳо ёфтаму кулфати дигаре ба сарам афтид.

– Чӣ ҳодиса рӯй дод?

– Ин дунё пур аз бадбахтию фиребгарӣ, маккориву дурӯғгӯӣ, дому мусибату касофат будааст, — ба ҳасрат гузашт Довуд. – Ба хона омадам, Офтобамро наёфтам.

– Фаҳмотар гап зан, – ҳайрати Улуғбек афзуд.

– Рост мегуфтаанд, ки офат аз мо пойи пиёда мераваду сӯйи мо савора бармегардад. Ҳамсоязанҳо мегӯянд, ки се ҳафта пеш аз омаданам Офтоби толеи ман бо марди ношиносе аз хона баромада рафтааст. Ҳеҷ чизро намефаҳмам. Ду маротиб ӯро хешовандонаш бо зӯрӣ дуздида буданд. Ин дафъа ихтиёран рафтанашро шарҳ дода наметавонам.

– Агар бо марди дигар..., – Улуғбек чашмони пургазабу пурхуни ҳамсилоҳашро дида, дам ба дарун зад.

Як муддат байни онҳо хомӯшии вазнине ба миён омад. Довуд ҳар дам оҳи сард мекашид. Улуғбек ба фикр рафта буд, ки дар ҳалли ин муаммо чӣ тавр ёрӣ расонад. Нохост чизе ба ёдаш расид.

– Исто, исто! – даст ба пешонӣ зад. – Баробари аз ҷанг баргаштан хостам хабари зери хок монданатро ба ҳамсарат расонам. Ба хона омада, модарамро бемори бистарӣ ёфтам. Рӯзе дар андешаи ин кор ба чойхонаи бозори Бойсун даромадам. Марде бо ман нишаст. Ҳангоми сӯҳбат аз ин ҷиҳат дар вазъияти ногувор монданамро фаҳмондам. Марди хайрхоҳе будааст. Иҷрои ин корро ба уҳда гирифт.

– Номаш? – бехудмона дод зад Довуд.

пешина
аз 164
навбатӣ