Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳӯш ки бошад, хусусияти асосии фаъолияти ходими илмӣ чист?

Симои ман шахси гӯлу гарангро мемонд. Сотиболдиев чунон ба ман нигарист, ки гӯё ман аз сайёраи дигар ба замин афтида бошам.

— Мушоҳида! Дониста мон! Му — шо — ҳи — да! Ҳар дақиқаю соат, рӯзу шаб, моҳу сол танҳо як кор — мушоҳида! Дар ҳамон сурат аз шумо ходими илмӣ мебарояд.

Ба китоб нигаристам. Болои он номҳои бисёреро навишта хат зада буданд. Қитъаи таҷрибавӣ аз 10 гектар замини пахтазор иборат буда, ду деҳа қитъаро аз ду тараф печонида буданд. Дар тарафи офтобшин деҳаи тоҷикон, дар тарафи офтоббаро — гузари ҷӯгиён.

«Қасри сафед» — и мо дар охири деҳаи тоҷикон қомат афрохта, онро боғча, биноҳои иловагӣ, ошхона, анбор ва оғил, ки ҳамаи инҳо дар ихтиёри Чорӣ — бобо буд, иҳота карда буданд. Ба манзараи ношоду хузнангез назар карда, худро сарзаниш менамудам, ки чаро таклифи раиси хоҷагиамонро рад карда, ба назди модарам нарафтам. Чорӣ — бобо авзои маро фаҳмид:

— Аспа зин кунум. Фикри гурехтан дарӣ?

— Ҳоло не. Камтар кор кунам, баъд ба ягон қарор меоям.

— Дуппа — дуруст, — қарори маро тасдиқ кард Чорӣ — бобо. — Партофта гурехта намерава. Рафтем шапталаҳӯрӣ.

— Рафтем, — хандакунон аз қафои мӯйсафед ба тарафи боғ равон шудем.

Дар зери таъсири калимаи сеҳрноки «мушоҳида» надонистам, ки як моҳи корӣ чӣ тавр сипарӣ гашт. Акнун

пешина
аз 164
навбатӣ