Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ва хоҳари шафқат будаанд, ки навбатдорӣ мекардаанд. Чорчӯба тирезаи беморхона будааст.

Ҳар ҳафта рӯзи душанбе атрофи катам одамони хилъати сафедпӯш ҷамъ омада, бо нигоҳҳои пуршафқату дилсӯзона ба ман менигаристанд. Байни худ баҳсу мунозира намуда, калла ҷумбондаю дастак зада баромада мерафтанд. Гоҳ — гоҳ низомие пайдо мешуд ва дуру дароз ба ман нигариста, бо табассуми афсӯсомез баромада мерафт.

Рӯзе пагоҳӣ як мӯйсафед наздам даромад. Ӯ маро дидан замон дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Чор дона буруту чанд дона ришаш ба ларзиш даромад. Мисли кӯдак бо лаби остини куртааш оби дидагонашро тоза карда, табассуми гунаҳкорона дар лабонаш нақш баст. Пирамард даҳонашро кушода, чизе гуфтан хост. Коми бе дандонашро баръало дидам.

— Аҷабо!!! Ин мӯйсафедро дар куҷо дида бошам? Пирамард болои сарам ҳам шуд ва бо меҳр дастони серрагу паяшро болои сарам гузошт. Ҳашт дона ришу чор дона мӯйлаб. Ин охир... ин охир Алдар — кӯса — ку. Алдар — кӯса ин ҷо чӣ кор мекарда бошад? Мӯйсафед ҳамоно табассум мекард. О — о — о, ин Чорӣ — бобо — ку. Баъзан ҳазлкунон ман ӯро Алдар — кӯса мегуфтам.

— Лақай ду нам дара. Чарӣ ё Панҷӣ.

Бо гӯшаи чашм дидам, ки ранги рӯи хоҳари шафқат тағйир ёфт. Ду дастапро аз зери манаҳ гирифта, якбора сӯи дар давид. Муддате нагузашта табибон маро иҳота карданд. Сардухтур дасташро ба пешонаам бурд. Набзамро санҷид, фишори хунамро муоина кард. Аз ҳолати ман қонеъ гашта, ба ман ҳалимона табассум карда аз дар баромад.

пешина
аз 164
навбатӣ