Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Пагаҳи ханат қулп буд. Ҳама ҷара каптум. Тура наяптум. Пеши... ана ҳаму... палбин раптум. Гуптум, бачаи мара ёпта бияр.
Бо ишораи табиб мӯйсафед таваккуф кард. Ман бетоқатона интизори давоми ҳикоя будам.
— Палбин ай чаш парид. Ба тарапи пахтазар давид. Ма ай қапош. Дар байни ҷуяки пахта ту..., — Чорӣ — бобо бо ба табиб нигарист. Табиб бо ишораи сар иҷозати сухан дод. Пирамард гулӯ афшонда, ба давоми қисса гузашт.
— Ту дар байни ҷӯяки пахта пару хав будӣ. Палбин сарата болои зонуш манда, пиган бардошт, — Чорӣ — бобо даст ба пешонаш бурд ва ҷинҳои чуқуру қачи килебашро ба молидан даромад. Чизеро ба хотир овард, ки чеҳрааш кушода шуд. — Аҳ, ишқи накамум, аҳ яри бавапяюм гупта сарта ба синаҳош молид. Таи сарут ҳапзи хун буд. Ма ай кипти палбин қапидум. Гуптум пиганта я сӯ ман. Иҷада милиса даркарай. Палбин ба худ омад. Мара ба милиса пиристад. Ма ҳадисара ба милиса гуптум. Милиса ба касалхана давид. Ду — се духтура гирипту пери ту амадем. Тура ба машин бар када ба Душанбера бурдан...
Чорӣ — бобо хомӯш монд. Нигоҳашро гурезонд. Сарашро хам кард. Ман ба хотир овардам: аз байни ҷӯякҳои пахтазор қадам зада нақшаи ояндаи ҳаёти оилавиамро мекашидам. Шарфаи поро шунида, фурсати тоб хӯрдан наёфтам. Зарбаи...
— Кӣ маро зада будааст?
— Кӣ мешид? — Чорӣ — бобо ба табиб нигарист. Табиб бо аломати ризо сар ҷумбонд. — Ҳаман чугии пилбашара. Вақти қапидан ай кашталуш гириптум. Гуптум, ки иқа зӯр башӣ, бара ба майдан. Гуштӣ мегирем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё