Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Киро қапидан?
— Кира мешид? — Чорӣ — бобо аз ҷояш ҷаста хест. — Кира мешид? — саволашро такрор намуд ва ба дастакзанӣ даромад.
Табиб ҳаросон ба сӯи пирамард парид. Аз китфонаш гирифта ба курсӣ шинонд. Ба пиёла дору рехта, ба зорию тавалло даромад. Мӯсафед бо як хурт пиёларо дам кашид. Баъд узрхоҳона ба ман нигарист.
— Зикира қапидан...
Ман боз як моҳи дигар хоб рафтам. Чорӣ — бобо ё аз рӯи маслиҳати табибон амал мекард ё ки ба фолбин ҳақиқатан нафрати беандоза дошт, ки ба пурсишҳои ман ё даст меафшонд ва ё аз палата баромада мерафт.
Аввалин тағйироте, ки ба назарам намуд ва бо тааҷҷуб ба Чорӣ — бобо бо аломати савол нигаристам, набудани деҳаи ҷӯгиён буд. Гӯё касе бо дасти тавонояш як бари теппаро ба дарозии се чакрим бурида ба болои деҳа партофта бошад. Дар ҷои деҳа харобазори хоку гил менамуду халос. Қабристони ба таври сунъӣ ба амал омадаро бо симтӯр печонида буданд.
Чорӣ — бобо ба нигоҳи такрории ман китф дарҳам кашида, бо қароҳат рӯй тофт.
— Парвардигар ҷазои фолбинро дод. Ба ин фиребгар фатиҳа ҳам ҳайф аст.
Чӣ хел аз гулӯи пирамард гирифтанамро намедонам.
— Чӣ ҷанҷал мекунӣ? — Чорӣ — бобо ҳамин қадар гуфта тавонисту халос. Чашмонаш алобуло шуда, дар талвосаи ҷонканӣ дасту по мезад. Нафаскашиаш хуррӣ гашта, аз кунҷи даҳонаш кафки сафед баромад. Бо тамоми овоз наъра задам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё