Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Нохост зани калонии Зикир чанг зада аз мӯи сари фолбин гирифта, ба мобайни давра кашид. Дигарон чун селаи гургон ҳамон маврид ба ӯ часпиданд. Талотум ва кашмакашии пургавгое сар шуд. Занҳо тӯда шуда, дар рӯи ҳавлӣ ғел мезаданд. Чангу хок ба осмон дакка зад. Ҳеҷ кас надонист, ки ҷодугар чӣ хел аз иҳотаи занҳо баромад. Сару рӯяш каб – кабуд, куртааш лах – лах дарида, мӯйҳояш парешон буд. Аз чашмонаш оташи хашму газаб меборид.
Шӯру қиёми занҳо хеле давом кард. Занҳо дер ба худ омаданд ва дар ҷойҳояшон шах шуданд. Ду зани Зикир дар зери мушту лагад мехобиданд. Наҷоти ҷодугарро аз сеҳру афсун пиндошта, дар рӯяшон ранг наммонд. Қафонокӣ якчанд қадам ба ақиб рафтанд. Духтар бехудона дод зад:
— Тухматона кир мекунам!
Занҳо ҷонҳавл ҷониби хонаҳои худ гурехтанд. Аз ҳама охир ҳар ду зани Зикир, ки оҳу воҳ дошта рӯи замин дароз мехобиданд, базӯр аз ҷойҳои худ хеста ба китфи ҳамдигар такя карда, лангон – лангон ба роҳ даромаданд. Гурехтани занҳо давидани ғозҳоро мемонд. Афтону хезон ба кулбаҳои худ расида, аз тарсу ларз худро ба даруни хонаҳо гирифтанд. Гӯё дар як дам деҳа мурда буд.
Муаллим ҳар дам – ҳар дам бо кафи дасти харсбаш оби чашмонашро пок мекард. Шодию хушҳолии ӯ қаҳру газабамро овард.
— Куҷои ин ҳодиса хандаовар аст? — бо қароҳат пурсидам.
Ҳоҷӣ хандаашро якбора қатъ намуд. Чашмони обгирифтаашро молида, чизе ба хотираш расид, ки ҳаросон ба берун ҷаст. Рӯзномаи фаромӯш кардаашро аз қафояш ҳаво додам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё