Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ин лаҳза абадӣ дар хотири Партов нақш баст...
- Аз он рӯз сенздаҳ сол гузашт, - бо ангуштонаш ҳисоб кард чӯпон. - Пас ҳоло Офтоб ба синни шонздаҳ даромад. Имрӯз ё пагоҳ ӯро ба шавҳар медиҳанд. Эҳ, кош ӯро як бори дигар медидам. Чӣ қадар хушрӯй шудагист.
Бо ин андешаҳои печида Партов дар бари хайма дароз кашиду дере нагузашт, садои хӯроккашиаш баромад.
Абрҳои тираю ваҳмангез аз пагоҳӣ болои талу теппаҳо паст дар парвозанд. Субҳи барвақт Маннон аз хайма баромада, ба ин манзараи офаридаи табиат бо тамасхур нигарист. Нақшаҳои кайҳо дар дил кашидаро ба хотир оварда, гашта ба хайма даромад. Аз болои Довуд чакманро бо зарда кашида, ба як тараф ҳаво дод.
-
Хез! Чорукҳоятро пӯш! Рамаро ба дараи Човдӣ мебарӣ!
-
Роҳи дара хатарноку касногузар аст, гулу гиёҳ надорад. Ба ғайр аз ин, имрӯз мумкин борони сел борад. Беҳтараш рамаро...
-
Ман сарчӯпонам ё ту? - аз худ рафт Маннон. - Аз пайи супориш шав!
-
Рамаро танҳо мебарам? - Довуд донист, ки идома додани баҳс фоида надорад.
-
Бале!
-
Чаро Партов бо ман намеравад?
-
Тобаш нест, - Маннони бинифундӯк чашмони обравашро аз нигоҳи тези Довуд гурезонд. - Каме бемор аст.
-
Камтар қимиз нӯшад, - чорукашро ба пой кашида, таъна зад Довуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё