Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
– Қорат небошад, – аз нав алангӣ гирифт сарчӯпон. – Тезтар ҷумб!
Довуд рамаро сӯйи дараи Човдӣ ронд. Дар паҳнои дашт рамаи аз ҳам пароканда кумур-кумуркунон алафи сабзи тару тозаро сабук-сабук мечарид. Аз қафои рама қадам зада, чӯпон ба андеша рафт. Барои чӣ Маннон аз рӯзҳои аввали ба ин ҷо омаданаш ӯро чашми дидан надорад? Ба хотираш сӯҳбати шабонаи падару писар расид...
Бегоҳӣ Довуд рамаро ба шабҷой даровард. Дари онро маҳкам кард. Атрофи қутанро аз назар гузаронда, сӯйи хайма равон гашт. Ба дар наздик нашуда овози Партовро шунид.
– Довуд ҷавонмарди заҳматкаши дилсоф аст.
– Бефаросат, – заҳрханда кард падар. – Фаромӯш накун, ҳарифи хатарнокест.
– Дар кадом масъала? – Партов мақсади падарро фаҳмидан хост.
– Аблаҳ! – наъра зад сарчӯпон. – Тошпӯлод як духтар дорад. Ту ҳатман бояд домодаш шавӣ!
– Чиҳо мегӯӣ, падар? – Партов худро аз ҷойхоб боло бардошт. – Ман куҷою духтари бой куҷо?
– Агар хоҳӣ, ки оянда дошта бошӣ – Маннон аз гиребони писар гирифта, бо шаст сӯйи худ кашид, – илоҷе карда Офтобро ба даст биёр! Ин ягона роҳи аз тангдастӣ баромадан аст.
– Довуд ин ҷо чӣ дахл дорад?
– Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз ӯ духтари бойро азхуд мекунад, – Партовро болои ҷойхоб тела дода, ба тарафи дари хайма рафта, сар берун кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё