Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Партов дер аз хоб бедор шуд. Болои сар Довуди шип – шилтаро дида, бо тарсу ҳарос нимхез шуд.

– Ку падарам? – чашм молида, пурсид ӯ. – Падарам ку?

– Бо асп ба ҷарӣ паридааст, – панҷаҳояшро гиреҳ карда, Довуд хост, ки ба ин афти варамида як мушти обдор фарараду боз худдорӣ кард. – Танҳо бароварда натавонистам. Ёрии ту лозим.

– Ту падарамро куштӣ, ту? – Партов бо як хез аз гиребони Довуд гирифт.

– Аҳмак! – дасти Партовро аз гиребонаш раҳонд Довуд. – Сабаб?

– Барои ҷояш. Мехостӣ, ки сарчӯпон шавӣ. Акнун ба мақсадат расидӣ! – Партов сабаби асосиро аз ӯ пинҳон дошт.

– Бефаҳм! Баръакс, падарат мехост, ки аз ман халос шавад. Аммо худ дар чоҳи кандааш афтид.

– Дурӯғ! Дурӯғ! – ором намегирифт Партов. – Ту падарамро куштӣ.

– Агар падаратро мекуштам, – бо як хунсардии махсус ҷавоб гардонд Довуд, – он гоҳ калаи туро низ чун сари кушқор аз тан ҷудо мекардам. Беҳтараш рафта ҷойи аз ҷар паридаи падаратро бо чашми худ бин.

– Вой, падарам, вой, падарам, – бо нолаю фиғон Партов хаймаро ба сар бардошт.

– Даматро гир! – Довуд аз гиребони ҳамкасбаш гирифт.

– Ба хонаи соҳиби рама асп тозонда, аз ҳодиса ӯро огоҳ намо.

– Ҳа – ҳа, рост гуфтӣ, – ба худ омад Партов. – Ба хонаи хӯҷаин рафта, ёрӣ мепурсам. Худо хоҳад...

пешина
аз 164
навбатӣ