Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту Партовро дар назар дорӣ? — Маннон кинояи чӯпонашро фаҳмид. — Дониста мон! Дар назди соҳиби рама ман ҳисобот медиҳам!

— Мефаҳмам. Ба мисли Партоват гов нестам, — паст наомад Довуд. — Кӣ кашад ҷавру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо!

— Нафорад, дафъ шав! — худро тамоман гум кард Маннон. — Чор тарафат қибла.

— Ин қадар хусумат аз куҷо, барои чӣ? — пурсид Довуд.

— Худро ба нодонӣ назан! — сарчӯпон ҳамин пурсишро интизор буд. — Ман намехоҳам, ки ту сади роҳи Партов бошӣ.

Довуд идомаи баҳсро ба худ раво надод. Ӯ гумон дошт, ки Маннон Партовро ба ҷойи худ сарчӯпон пешниҳод карданист. Сарчӯпониаш аз сараш монад. Ӯро ба ҳоли худ гузорад, шуд. Пас аз сӯҳбати дар хайма Довуд фаҳмид, ки мақсади сарчӯпон тамоман чизи дигар будааст. Ана, барои чӣ имрӯз Маннон ӯро ба дараи Човдӣ фиристодааст!

Гӯсфандон чарокунон, ба теппаи навбатӣ наздик мешуданд. Аз атроф гоҳ — гоҳ баъоси мешҳое, ки барраҳояшонро ҷеғ мезаданд, ба гӯш мерасид. Довуд бори дигар ба осмони тира нигариста, сари рамаро гардонду бо ҷидду ҷаҳд сӯйи кутан ронд...

Ногаҳон жола нам борид. Маннон аз хайма баромада, дуру дароз ба сози борон гӯш дод. Ба асп савор шуда, онро сӯйи дараи Човдӣ ба чорхез даровард. Аспу саворашро пардаи борон печонд. Боди шадид комилан орамида буд. Паҳнои печидаро торикии ғафс дар худ фурӯ бурдан дошт...

пешина
аз 164
навбатӣ