Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

шавҳар доданд. Боз ба кӣ? Ба Тӯхта - паҳлавон. Хок дар сари камбағалӣ! Шабу рӯз аз қафои рама. Фурсат наёфт, ки боре ба деҳа рафта, рози дилашро ба духтар изҳор намояд. «Афсӯс! Духтар аз даст рафту орзуҳои ширини ҷавонӣ дар дилам мурд. Худо гирад қисмати талхи маро! Эҳ, агар падарам аз ҷар намепарид. Ё ки ӯро Довуд ба ҷарӣ тела дода бошад? Не, не! Ман худам ҷойи ҳодисаро дидам. Асп лағжида ба ҷарӣ парида будааст. Хулоса, аз кӯдакӣ бе тақдир будаам. Як тараф камбағалию як тараф бекасӣ!» Ӯ аз алам саги дар пеши пояш хобидаро лагаде зад, ки ҳайвон вингоззанон як сӯ ҷаҳид.

Боз фикрҳои зиёде дар сари Партов чарх задан гирифтанд. Акнун дар бораи Довуд меандешид. Вақтҳои охир аз хӯрду хӯрок монда буд. Қавоқаш овезон. Ба куҷо гум шуда рафт? Ҳарфе нагуфта нопадид гашт. Рӯзҳои охир ӯро тамоман шинохта намешуд. Дамдузду дарундор шуда буд. Касофат, доим бо фикру хаёл мегашт.

Чӯпон ба хайма даромад. Ҳуми қимизро бардошта, ба берун баровард. Косаи сафолинро пур карда зад. Боз косаи дигарро лаболаб пур кард. Ба атроф чашм давонд. Ҳеҷ тағйироте надод. Ҳамон талу теппаҳои хомӯшу гӯсфандони дар чаро. Косаро ба сар кашиду дар бари хайма якпаҳлу зад...

  • 10 -

Абдураҳимбой ба саломи Довуд ҷавоб надода, чашм ба ҷуссаи паҳлавононаву чеҳраи равшанаш дӯхта, аз дил гузаронд: «Ин гуна ҷавони қоматбаланду чорпаҳлӯ харидори бисёре доштагист». Баъд дар муқоиса бо худ, боалам аз дилгузаронд. «Кош, ман ҳам монандӣ ӯ хушчеҳра мебудам. Аҳвола бин? На кад дораму на қомат. Қадпасти

пешина
аз 164
навбатӣ