Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ишкамкалон. Бартарӣ пурра ба тарафи корафтода». Кошу қавок андохта пурсид:
– Аз дастат чӣ кор меояд?
– Деҳқонӣ, чӯпонӣ, – ҳадаҳа ҷавоб гардонд ҷавону пас аз қадре хомӯшӣ илова кард, – боғбонӣ.
– Ҳм – м, – мад кашид бою дар куҷо истифода бурданашро фикр кард. – Чанд намуд пайвандро медонӣ?
Довуд чунин саволро интизор набуд. Аз ҳиҷолат таги обу арақ монд. Вазнашро аз як пой ба пойи дигар гирифт. Интизори тӯл кашид. Бой бетоқат шуд. Талабгор таваккалан ҷавоб дод:
– Дувоздаҳта!
– Ку як – як номбар бикун, – бой бо диққат ба рӯйи сурхи ҷавон зеҳн монд.
– Решапайванд, танапайванд, муҷҷапайванд...
– Шуд, шуд, – Абдураҳимбой ӯро аз ҳолати ногувор баровард. – Дар мавзеи Лолазор боғ дорам. Ҳамонро нигоҳубин мекунӣ. Дар қисми шимолии боғ кулбае ҳаст. Зиндагиат дар ҳамон ҷо мегузарад. Соҳиби кулба як кампири бечораҳол аст, номаш Бибиоиша, Фармони маро ба ӯ мерасонӣ. Аз ҳамин рӯз ба кор сар мекунӣ. Қабул?
– Қабул, – даст пеши бар гирифт Довуд. – Аз шумо миннатдорам, тақсир, – ӯ пуштиноки аз дар баромад.
Довуд бегоҳӣ ба деҳаи Лолазор омад. Аз болои девори пасти поҳсагӣ сар ба боғ даровард. Таги дарахтон сабзу намзада дил мехоҳад як дам биосояд. Нурҳои офтоби майл ба ғуруб бо зароби зарҳалини худ сари ҳазорон шоҳи дарахтонро ҷило медод. Аз рӯйи сангҳои суфтаю ҷилодор оби ҷӯйҳоҳе шилдирросзанон ҷорӣ буд...

пешина
аз 164
навбатӣ