Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Овоза ҳаст, ки дар он тараф Иброҳимбек қурбошӣ зиндагии мардумро ноором карда истодааст, — таго ба сафари хатарноки ҷиянаш розӣ набуд. — Мегӯянд, ки ӯ аз бераҳмтарин саркардаи босмачиён мебошад.
— Шимоён аз тарс дар таги бинии занатон шишта истед. На ору номус дореду на ҷасорату мардодагӣ. Охир, аз ғам ҳамшираатон аз ин олам гузашту ҳатто тори бурутатон ҳам нахӯрд. Аз ин бешарафӣ мурдан беҳтар! Ин аблаҳ бо ёрии Зафари безурёт аз ҳабс гурехтааст. То ба деҳаи Лолазор рафта расиданаш ман бояд пешдастӣ кунам. Офтобро асир гирифта, гадои пойбараҳнаро ба даст меорам. Ин дафъа бе пурсиш ӯро ба ҷаҳаннам мефиристам. Сари роҳамро нагиред! Беҳтараш як тараф истед! — Нусрат бо қаҳр ба сагрии асп тозиёна зад.
Сиёҳмушкин якбора ба чорхез даромада, қариб буд, ки Самадро таги пой гирад. Ӯ чилави аспро сар дода, як тараф парид. То Самад тоб хӯрда, рӯй ҷониби савор гардонд, ки аллакай асп ба нишебӣ сарозер шуд, бари чакмани кушодаи Нусрат чун бод мелапид. Дили Самад ба ҳоли ҷиянаш сӯхт. Аниқтараш суханони Нусрат ба ӯ сахт таъсир карда, нангу номусашро бедор намуд, ки ӯ беихтиёр дод зад.
— Худатро эҳтиёт бикун! Агар ҳодисае шавад, қасоси туро мегирам...
– 15 –
Субҳ дамид. Садои хониши мургон аз фавҷи дарахтони болои сар ба гӯш мерасид. Офтоб медид, ки ангурзор дар таги анвори хуршеди саркашида чӣ ҷилва медиҳад. Ӯ лаби ҷӯйбор нишаст. Ба шилдирроси оби равон гӯш доду ба хаёл рафт. Аз рафтани Довуд аллакай як моҳ гузашту аз вай дарак нест. Овоза паҳн шуд, ки ба тарафи Бойсун мераванду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё