Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

хеле ба пичир-пичир даромад. Ҳамсуҳбаташ ба маънои суханони сеҳрангезу нофаҳмои вай сарфаҳм нарафта, сар ба зер менишаст. Кампири Саъба дар охир ҳар ду дасти сиёҳтобашро бардошта, каф ба рӯйи пурочингаш кашид. Аз зери намади фарсуда тӯмореро баровард ба лаб наздик бурда, аз сари нав ҳар ду чашмашро пӯшида, ба дуохонӣ даромад. Ин кор ҳам хеле тӯл кашид. Бибиоиша интизори ба охир расидани лабҷунбонии фолбин беҳаракат менишаст. Ниҳоят фолбин ба тӯмор се бор куф карду онро ба дугонааш дароз намуд.

  • Дар банди дасти рост овехта мон. Ин тӯмор туро аз ҳар балою офат наҷот медиҳад.

  • Аз балои охирзамон ҳам? - тӯморро бо эҳтиром аз дасти фолбин гирифта Бибиоиша саволеро, ки ӯро батарс оварда буд, ба забон овард.

  • Гуфтам-ку, - бо эътимод гуфт фолбин. - Аз ҳамаи балоҳо!

  • Илоҳим, дуоят мустаҷоб шавад, - Бибиоиша аз ҷой хест.

  • Ягон ҷондора хун карда мон, - фолбин теғ кашида, ба вай нигарист, туъмаро ба осонӣ аз даст додан намехост.

  • Дар бисотам чизе надорам, - ҳамсоя дар пойгоҳ музтар монд.

  • Ақаллан мурғ ҳам надорӣ? - чашмони ҳарисашро калон кушод фолбин.

  • Не-да, - зан оҳи сард кашид.

  • Аз ҳамсояҳо қарз бигир, - умедашро наканд фолбин. - Баъд ягон илоҷ меёфтагистӣ?

  • Фикр карда мебинам, - кампири Бибиоиша аз дар баромад.

пешина
аз 164
навбатӣ