Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ба садақа маро ҳам ҷег зан, — аз пасаш дод зад соҳибхона.
— Иншоаллоҳ!

Марди қоматбаланди кулоҳаш нӯгтез шитобон сӯйи боғ асп меронд. Гоҳ — гоҳ байталро нигоҳ дошта, қафаси синаашро медошту худ ба худ гап мезад.
— Хеле дер кардам. Беҳуда се рӯз дар хонаи Зафаршон маҳтал шудам. Дар қабули аскари сурх ҳам таваккуфам афзуд. Агар Нусрат дар ин муддат омада хохарашро бурда бошад — чӣ? Эҳ, Яздони пок, дар паноҳат нигаҳ дор.

Бибиоиша аз дар баромаду чашмаш ба мусофир афтод. Ҳуш аз сараш парид. Марди ношиносеро бо либоси аҷоиб болои асп дида, беҳолона бари девор нишаст.
— Салом, холаҷон, — Довуд кулоҳро аз сар гирифт. — Маро нашинохтед?
— Воҳ, дар хоки пот садқае, — кампири Бибиоиша барқосо таъсири хайри кардаашро ба ёд оварду аз дил гузаронд, ки аз як бало раҳид. — Ин туӣ, Довудҷон? Ҷони хола, зиндаю саломат баргаштӣ? Туро тамоман нашинохтаме. Аз тарс қариб гурдакаф шавам. О, ин сару либоси аҷоибу ғароиба бинеде...

— Холаҷон, Офтоб куҷост? — Довуд ба кампир имконияти сухан гуфтан надод. — Чаро ӯ маро пешвоз намегирад? Ба ягон ҷо — ку баромада нарафтааст?
— Офтоб... Офтоб, — кампири Бибиоиша забон хоид. — Офтоб нест, баҷем. Рафт.
— Чӣ хел рафт? — ҳайрон шуд Довуд. — Куҷо рафт? Тезтар гап занед! Дилам мекафад.

пешина
аз 164
навбатӣ