Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
таскин медиҳад, пешобро меронад, хусусан саҳроии он. Сабзин бӯстониро баргаш ҳам барангезандаи қуввати боҳ аст.
Барги сабзии бӯстониро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд ва тухмашро бихӯранд, душвор зоиданро осон мекунад.
Чун барг ва бехрешан сабзиро дар об ҷӯшонида, бо он об дасту пои он тифлонро бишӯянд, хуни аз хунукӣ дар ин узвҳои онон шахшударо таҳлил медиҳад.
Сабзиро бо асал мураббо пухта бихӯранд, барои барангехтани қуввати боҳ бағоят фоида дорад, узвҳои даруни шикам ва даруни синаро қувват мебахшад, аз ҷумла бачадонро ҳам қавӣ мегардонад: узвҳои хозимаро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, мустаҳкам мекунад. Ин мурабборо бо дорчинӣ ё бо занҷабил ва ё бо қаранфули гардан бихӯранд, ҷигари сардмизоҷро қувват медиҳад, рутубатҳои зиёдатии меъдаро нест мекунад, қуввати боҳро зиёда мегардонад.
Сабзиро як шабонарӯз дар сирко тар карда бихӯранд, барои иллати гудохтагии сипурз давои беҳамто мебошад, меъда ва ҷигари сардмизоҷро қувват мебахшад.
Сабзиро кӯфта ё бо дигар усул оби онро гирифта, бо шакар ширин карда биёшоманд, таъсираш ҳамчун даво қариб ба мураббои он аст, вале аз он сабуктару латифтар ва қавитар мебошад.
Барги сабзиро кӯфта, ба решҳои хӯранда гузошта банданд, нафъ дорад.
Хӯрдани сабзии хом бадҳазм, боднок ва бо одамони гарммизоҷ зарар дорад. Дар ин ҳолат давоҳои сардмизоҷ ва ошҳои суюки дӯғдор бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Сабзиро бо гӯшти бузғола пухта бихӯранд, дар бадан моддаи солим пайдо мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз сабзӣ дар як рӯз то ним килограмм аст, аз мураббои он ба 50 то 100 грамм хӯрдан равост.
Хӯрдани тухми сабзӣ қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад ва дар ин бобат аз қисми заминии он қавитар аст, занҳои ба душворӣ ҳомилашавандаро нафъ дорад, дарди рӯдаҳоро манъ мекунад. Дар дигар хислатҳо монандӣ худи сабзӣ мебошад.
Агар як миқдор тухми сабзӣ ва ҳамон миқдор тухми

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё