Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

индукцияи бо роҳи оддӣ ба ҳисобгиранда дигар навъи индукцияи номукаммал вуҷуд дорад. Дар ин навъи индукцияи номукаммал фактҳо бо ёрии интихоби махсусе, ки ҷамъбасткунии тасодуфӣ истисно карда мешавад, умумият дода мешаванд. Ин гуна индукцияи номукаммал индукцияест, ки дар он ба воситаи таҳлил ва интихоби фактҳои умумиятдиҳии тасодуфӣ истисно карда мешавад.

б) Индукцияи номукаммал ба воситаи таҳлил ва интихоби фактҳо, ки умумиятдиҳии тасодуфӣ истисно карда мешавад.

Дар ин навъи хулосабарории индуктиви хулоса дар асоси омӯхтани баъзе фактҳои ҷинси муайян бароварда мешавад. Вале дар ин навъи индукцияи номукаммал хулоса танҳо, ба миқдори фактҳо асос наёфта, балки ба чунин фактҳо, ки махсус интихоб карда шуда, ҳамчун фактҳои муҳим ба шумор мераванд, асос меёбад. Бинобар ин, индукцияи номукаммали мазкур ба он миқдори ҳодисаҳо асос наёфта, балки ба табиат, моҳияти онҳо асос меёбад.

Дар ин ҷо умумиятдиҳии тасодуфии фактҳо тамоман истисно карда мешаванд. Дар ин навъи дуввуми индукцияи номукаммал барои хулоса баровардан фактҳои зиёде лозим нест, дуруст тадқиқ намудани баъзе ҳодисаҳои интихобгардида кофист. Дар навъи мазкури индукцияи номукаммал на ин ки миқдори фактҳо, ҳодисаҳо, балки моҳият, табиати онҳо, аҳамияти махсус дорад. Аз ин сабаб хулоса дар ин ҷо танҳо ба ҳисобгирии ҳодисаҳо не, балки ба ҳодисаҳо бо роҳи таҳлил муайян ва интихоб гардида, асос меёбад. Аз ин шакли дуввуми индукцияи номукаммали бо роҳи таҳлил ва интихоби фактҳо амаломада чунин хулосае мебарояд, ки ин хулосаро ҳодисаҳои зид инкор карда наметавонанд.

Масалан, одам борҳо мушоҳида намуда мебинад, ки ҳавои гармшуда ба боло меравад. Аз ин муайян карда мешавад, ки дар натиҷаи гарм шудан ҳаҷми ҳаво васеъ шуда, зиччат камтар мешаваду нисбат ба ҳавои хунуки атроф сабуктар шуда ба фишор боло мебарояд. Дар натиҷа чунин хулосаи умумӣ мебарояд: «Ҳавои гарм боло мебарояд».

Чунин индукцияи номукаммале, ки ба воситаи таҳлил ва интихоби фактҳо хулоса бароварда шуда, ба хулосааш зиддияте во намехӯрад, дар илми мантиқ индукцияи илмӣ ном дорад.

§ 4. ИНДУКЦИЯИ ИЛМӢ

Дар олами моддӣ ҳамаи предмет ва ҳодисаҳо дар байни худ алоқаи зарурӣ доранд.

Яке аз шаклҳои алоқамандии зарурии ҳодисаҳои воқеияти реалӣ алоқамандии сабабии ҳодисаҳо мебошад. Алоқамандии сабабӣ аз алоқаи сабаб ва оқибат иборат аст. Дар вокеняти

пешина
аз 192
навбатӣ