Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳодисаҳо мебошанд, ки аз майнаи сари одам берун ва новобаста ба он вуҷуд доранд.

Мувофиқи ақидаи идеалистӣ алоқаи сабабӣ маҳсули майнаи инсон мебошад.

Азбаски эътироф намудани алоқаи сабабнокии ҳодисаҳо масъалаи вуҷуд доштани сабабҳои камбизоатии меҳнаткашон дар мамлакатҳои капиталистию муборизаҳои синфӣ, революцияҳо, бекории оммавии меҳнаткашон, кризисҳои иқтисодӣ ва ғайраҳоро ба миён мегузорад, идеологҳои синфҳои истисморкунанда ин алоқамандии сабабиро маҳсули майнаи инсон шуморида, кӯшиш мекунанд, ки вайро рад кунанд.

Таҷрибаи ҳаёти инсон ва комёбиҳои тамоми илмҳо ҳақ будани нуқтаи назари материалистиро тасдиқ намуда, бардурӯғ будани ақидаҳои идеалистиро исбот мекунад. Илми замони ҳозира ба принципи сабабии ҳодисаҳо такя намуда, сабабҳои ҳодисаҳои мураккаби олами моддиро кашф намуда, ба муваффақиятҳои нав ба нав муваффақ мегардад.

Таълимоти марксистӣ-леннинӣ метод, роҳҳо ва воситаҳои ошкор намудани алоқаи сабабии ҳодисаҳои табиат ва ҷамъиятро муайян менамояд.

Яке аз воситаҳое, ки алоқамандии ҳодисаҳои олами моддӣ ошкор карда мешаваду илми мантиқ вайро меомӯзад, индуксияи илмӣ ном дорад.

Дар таърихи илми мантиқ бори аввал индуксияи илмӣ ва методҳои онро мантиқшиноси материалист Ф. Бэкон кор карда баромада буд. Бэкон методҳоеро кор карда баромад, ки ин методҳо барои ошкор кардани алоқаҳои сабабии ҳодисаҳо ба кор бурда мешаванд. Бо ёрии ин методҳо алоқаҳои сабабии ҳодисаҳои олами моддӣ исбот карда мешаванд. Барои ҳамин ҳам методҳои индуксияи илмиро методҳои исбот мешуморанд.

Бэкон панҷ методи исботкунандаи индуктивии сабаби ҳодисаҳоро муқаррар намуда буд.

Метод ва қоидаҳои индуксияи илмиро баъд аз Бэкон олимони англис Ҷон Гершел ва Ҷон Стюарт Милль пурратар ва саҳеҳтар ифода намудаанд.

§ 5. МЕТОДҲОИ АЛОҚАИ САБАБИИ ҲОДИСОТ

Методҳои тадқиқ ва исбот намудани сабаби ҳодисаҳои олами моддӣ 5 навъанд: 1. Методи монандӣ; 2. Методи тафовут; 3. Якҷоя ба кор бурдани методи монандӣ ва тафовут; 4. Методи тағйироти ҳамроҳа; 5. Методи бақияҳо.

Ин методҳои индуксияи илмӣ барои тадқиқ намудан ва исбот кардани сабаби ҳодисаҳои табиат ва ҷамъият ба кор бурда мешаванд.

пешина
аз 192
навбатӣ