Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
реалияҳо ҳар як ҳодисаро дигар ҳодисае ё маҷмӯи ҳодисаҳо ба миён меорад.
Ҳодиса ё маҷмӯаи ҳодисаҳое, ки аз дигар ҳодиса пеш вуҷуд дошта, ин ҳодисаро пайдо мекунад, сабаб номида мешавад. Ҳодисае, ки баъд аз дигар ҳодиса ё ҳодисаҳо ба вуҷуд омада, аз тарафи ҳамон ҳодисаҳо ба миён оварда мешавад, оқибат номида мешавад.
Масалан, ба атрофи тири худ чарх задани Замин сабаби ба вуҷуд омадани рӯзу шаб аст ва ба вуҷуд омадани рӯзу шаб оқибати ба атрофи тири худ чарх задани Замин мебошад. Дар ҷамъият вуҷуд доштани моликияти хусусии воситаҳои истеҳсолот сабаби вуҷуд доштани синфҳо ва муборизаи синфӣ мебошад ва мавҷуд будани синфҳо ва муборизаи синфӣ оқибати вуҷуд доштани моликияти хусусии воситаҳои истеҳсолот мебошад.
Алоқаи байни сабаб ва оқибат алоқаи қонунӣ мебошад, зеро ҳар як сабаб дар шароити муайян оқибати муайянро ба миён меорад.
Алоқамандии сабабӣ ба тамоми ҳодисаҳои табиат, ҷамъият хос аст. Дар олами реалияҳо ҳодисаи бесабаб мавҷуд нест, ҳар як ҳодиса дар асоси сабаби муайян ба вуҷуд меояд.
Алоқаи байни сабаб ва оқибат алоқаи зарурӣ мебошад. Азбаски дар байни сабаб ва оқибат алоқаи қонунӣ мавҷуд аст ва сабаби муайян оқибати муайянро ба миён меорад, воқеаи ояндаро пешбинӣ кардан мумкин аст.
Сабаб ва оқибат пайдарҳам ба амал меояд. Сабаб ҳамеша пеш аз оқибат ва оқибат пас аз сабаб ба миён меояд. Вале ҳар як ҳодисае, ки пеш аз оқибат вуҷуд дорад, сабаб намешавад. Масалан, баъд аз шаб рӯз меояд, вале шаб сабаби ба вуҷуд омадани рӯз нест. Бинобар ин, ҳар гуна пайдарҳамии ҳодисаҳоро бо алоқамандии сабабии онҳо ба ҳам омехтан мумкин нест. Ҳар навъ пайдарҳамии ҳодисаҳоро бо алоқамандии сабабӣ аралаш кардан хатогии мантиқӣ содир кардан аст ва ин хатогии мантиқӣ бо ибораи «баъд аз ин, яъне аз сабаби ин» ифода карда шудааст. Масалан, хурофотпарастон ба ҳамин гуна хатогӣ роҳ дода исбот кардани мешаванд, ки гӯё паридани чашм сабаби ягон ҳодиса бошад, ё ки аз сари роҳи кас гузаштани гурбаи сиёҳ сабаби ягон бемуваффақиятӣ бошад ва ҳоказо. Дар ҳақиқат дар байни ин гуна ҳодисаҳо ҳеҷ як алоқаи сабабии зарурӣ вуҷуд надорад.
Дар соҳаи фаҳмонидани алоқаи сабабӣ ду хел равия — равияи идеалистӣ ва материалистӣ мавҷуд аст. Аз нуқтаи назари материалистӣ дар қатори предметҳои олами объективӣ алоқамандии сабабии ҳодисаҳо ҳам берун аз шуури одам ва новобаста ба он вуҷуд дорад. Донишҳое, ки дар бораи алоқамандии сабабӣ пайдо карда мешавад, инъикоси алоқамандии сабабӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё