Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Пеш аз ба кор бурдани методҳои индуксияи илмӣ шароитҳои муайян лозиманд. Шароитҳое, ки барои ба кор бурдани методҳои индуксияи илмӣ лозиманд, мушоҳида ва эксперимент номида мешавад.
Мушоҳида. Мушоҳида амале мебошад, ки бевосита бо ёрии органҳои ҳиссиёт гузаронида шуда, предмет ва ҳодисаҳо чи тав-ре ки дар воқеият мавҷуданд, ҳамон тавр омӯхта мешаванд. Дар вақти мушоҳида предмет ва ҳодисаҳои воқеият бо ёрии органҳои ҳиссиёт дарк карда мешаванд. Мушоҳидаи илмӣ дар асоси плани пешакӣ тартиб додашуда, бо мақсади иҷро намудани вазифаи муайяни мунтазам ба амал оварда мешавад.
Масалан, ба осмон нигоҳ карда ситораҳо, системаи ситораҳо, мавқеи онҳоро бевосита омӯхтан, мушоҳида мебошад. Дар соҳаи илми табиатшиносӣ барои мушоҳида асбобҳои гуногун: телескоп, микроскоп ва ғайра ба кор бурда мешаванд, ки инда нишон медиҳанд.
Дар соҳаи илми табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ мушоҳидакуниро ба кор бурда, ба воситаи он фактҳо ҷамъ карда мешаванд ва бо ёрии ин фактҳои тадқиқшуда фактҳои дигари фактҳо, ҳодисаҳо, воқеаҳои гуногунро мушоҳида намуда, хусуси хулосабарорӣ ҷамъбаст менамоем. Ба воситаи мушоҳида фактҳо ҷамъ карда шаванд, бо ёрии индуксия ин фактҳо умумишоҳида бо донишҳои шоҳидӣ, гувоҳӣ пурратар карда мешавад. Агар кас ягон ҳодиса ё воқеаро бевосита мушоҳида карда натавонад, он гоҳ аз он фикрҳои дигар шахсе ки ҳамон чизро медонад, меомӯзад.
Масалан, таърихшинос ё адабиётшиносе, ки воқеаҳои давра-даврра, ки онҳо чизҳои дидагӣ, мушоҳидакардагияшонро дар мактубҳо, хотираҳо, ёддоштҳо ифода кардаанд, истифода мебарад. Инчунин ҳуқуқшинос ҳам ягон кори гражданӣ ё ҷиноятиро бевосита мушоҳида карда омӯхта натавонад, он гоҳ фикри шоҳидонро меомӯзад.
Эксперимент. Эксперимент чунин амали дарккунӣ мебошад, ки дар рафти вай ҳодиса, предмети тадқиқшудаистода бо роҳи сунъӣ тағйир меёбад ва дониста мешавад. Дар рафти эксперимент тадқиқотчӣ шароити ба амал омадани ҳодисаи омӯхтанстодаро тағйир медиҳад ва он шароитҳо ба мақсади тадқиқот мувофиқ карда меомӯзад. Бо ёрии эксперимент ҳодисаи омӯхтаистодаро аз дигар ҳодисаҳои номуҳим ҷудо карда меомӯзем. Дар вақти эксперимент ҳодисаи тадқиқшавандаро бо роҳи муқаррарӣ пайдо мекунем ва онро мувофиқи мақсад борҳо такрор карда он ҷиҳатҳое, ки онҳоро бо ёрии мушоҳида омӯхтан душвор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё