Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

аст, дониста мегирем. Масалан, химик бо ёрии эксперимент аз ҷараёни электрики истифода бурда, обро бо қисмҳои таркибиаш — водород ва кислород ҷудо карда меомӯзад. Дар физика, химия, биология, илми тиб ҳодисаҳои дохилии атомӣ, ядроӣ, хусусиятҳои мавҷи радио, магнетизм ва ғайра ба воситаи эксперимент омӯхта мешавад.

Дарккунии экспериментӣ бо истеҳсолот зич алоқаманд аст. Ин дарккунии экспериментӣ дар лабораторияҳои гуногун, стансияҳо, участкаҳои таҷрибавӣ иҷро карда мешавад. Бинобар ин, тадқиқотчӣ ҳодисаҳоро ба воситаи эксперимент омӯхта истода талаботи истеҳсолотро қонеъ мегардонад.

Ҳамин тариқ, ба воситаи мушоҳида ва эксперимент фактҳо, ҳодисаҳои гуногун омӯхта мешаванд, ки дар асоси онҳо бояд хулоса баровард.

Методи монандӣ

Дар методи монандӣ якчанд мавридҳо интихоб карда шуда, бо ҳам муқоиса карда мешаванд, ки онҳо танҳо аз як ҷиҳат ба якдигар монанданд ва ҳамин ҷиҳати монандӣ онҳо сабаби ҳодисаи тадқиқ кардаистода мешавад.

Масалан, тадқиқотчӣ дар бораи пайдоиши рангҳои тиру камон тахминан фикр мекунад, ки сабаби пайдоиши рангҳои тиру камон аз магзи ҷисми шаффофи дорои шакли муайян гузаштани нурҳои офтоб аст. Барои исботи ин фикр тадқиқотчӣ фактҳоро ҷамъ мекунад. Вай мушоҳида карда мебинад, ки рангҳои тиру камон дар қатраҳои шабнам, дар қатраҳои оби шаршараҳо, дар шишаҳои булӯрии шашқабата ва ғайра мавҷуданд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳоро бо ҳамдигар муқоиса намуда мебинад, ки ягона шароите, ки онҳо бо ҳамдигар монанданд, аз магзи чизи шаффофи призмагӣ гузаштани нурҳои равшанӣ аст.

Маълум аст, ки тирукамон дар рӯзҳои офтобӣ, пас аз борон ба амал меояд. Аз ин чунин хулоса мебарояд, ки сабаби пайдо шудани тирукамон аз магзи чизи шаффофи призмагӣ гузаштани нурҳои равшанӣ (яъне аз магзи қатраҳои борон гузаштани нурҳои офтоб аст) мебошад.

Мисоли дигар: одамони нажод, миллат, синну сол, ҷинсашон гуногун дар мамлакатҳои гуногун ба касалии вараҷа гирифтор мешаванд. Барои сабаби касалии вараҷаро муқаррар кардан, ҳамаи ин ҳодисаҳоро месанҷанд. Маълум мешавад, ки ягона монандии онҳо газидани як навъи пашшае будааст, пас, хулоса мебароранд, ки сабаби пайдоиши касалии вараҷа газидани як навъ пашшае будааст.

пешина
аз 192
навбатӣ