Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Ҳамин тариқ, дар рафти мушоҳида ва эксперимент дар бораи ҳодисаи омӯхтаистода фикри тахминӣ пайдо мешавад. Ин фикри тахминиро бо методи индуксияи илмӣ исбот мекунем. Масалан, дар вақти тадқиқот фикри тахминӣ исбот мегардад, ки сабаби пайдоиши ҳодисаи «а» ҳодисаи «А» мебошад.
Барои исботи ин фикр аз фактҳои таҷриба чунин ҳодисаҳо интихоб карда мешаванд, ки дар онҳо «а» мавҷуд аст ва дар мавридҳои муқаддам ягона ҳодисаи монанд вуҷуд дорад. Тахмин мекунем, ки мавридҳои ABC, ABD, ACD-ро интихоб намудем ва баъд аз ин, мавридҳои abc, abd, acd пайдо кардем. Ин чизро мо бо нақшаҳои зерин ифода мекунем:
Қатори ҳодисаҳои муқаддам: Қатори ҳодисаҳои муттаахир
- ABC abc
- ABD abd
- ACD acd
Ин қаторҳои ҳодисаҳоро бо ҳамдигар муқоиса намуда мебинем, ки сабаби ҳодисаи «а», ки муқаррар менамоем, ҳодисаи «В» шуда наметавонад, зеро ҳодисаи «В» дар мавриди сейум вуҷуд надорад, вале ҳодисаи «а» пайдо шуд; ҳодисаи «С» сабаби ҳодисаи «а» шуда наметавонад, чунки дар мавриди дуввум «С» вуҷуд надорад, аммо ҳодисаи «а» пайдо шуд; ҳодисаи «Д» сабаби ҳодисаи «а» шуда наметавонад, зеро «Д» дар мавриди якум вуҷуд надорад, лекин ҳодисаи «а» пайдо шуд. Сабаби ҳодисаи «а» на ҳодисаи «В», на «С» ва на «Д» мебошанд; ягона ҳодисаи монанд ки ҳодисаи «а»-ро ба амал меовард, ҳодисаи «А» мебошад, пас, хулоса, бароварда мешавад, ки «А» сабаби «а» аст. Акнун ин методро бо формула ифода менамоем:
- ABC..........................................................abc.
- ABD..........................................................abd.
- ACD..........................................................acd.
Пас, сабаби а ҳодисаи А аст.
Методи монандӣ чунин ифода карда мешавад: агар ду ё аз ин зиёд мавридҳои ҳодисаи тадқиқкардаистода танҳо як шароити монанд дошта бошанд, пас, ҳамин шароит сабаби ҳодисаи тадқиқшудаистода аст.
Бо ёрии методи монандӣ хулоса баровардан хулосабарории индуқтивӣ мебошад, чунки, хулосаи умумии «А сабаби а мебо-шад» дар натиҷаи омӯхтани ҳамаи ҳодисаҳои як ҷинс пайдо нашуда, балки дар асоси тадқиқ намудани як қисм, баъзе ҳодисаҳои ҳамин ҷинс ба амал меояд. Ғайр аз ин дар ин ҷо хулоса нисбат ба муқаддимаҳо дониши умумитар аст.
Хулосабарорӣ бо ёрии методи монандӣ дониши ҳақиқии эътиборнок пайдо карда наметавонад. Агар инро мо бо диққат таҳлил кунем, ноаник будани хулосае, ки бо ёрии методи монандӣ бароварда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё