Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
шуд, боз ҳам равшантар мегардад. Дар ҳақиқат мумкин аст, ки танҳо «А» сабаби ҳодисаи «а» набуда, балки «А» бо «В» ва ё бо «С», ё бо «Д» вобаста бошад, яъне танҳо «А» набуда, он ба ҳодисаи дигаре вобаста бошад.
Агар мо танҳо «А» сабаби «а» гӯем ҳам, хулоса аниқ намешавад, чунки агар дар айни замон ҳодисаи «А»-ро чизи оддӣ шуморем, инкишофи минбаъда шояд мураккаб будани ҳодисаи «А»-ро исбот кунад.
Бинобар ин, бо ёрии методи монандӣ хулосаи эҳтимолӣ пайдо намуда, дониши ҳақиқии эътиборнок пайдо карда наметавонем.
Методи тафовут
Дар методи тафовут ду хел ҳодиса бо ҳамдигар муқоиса карда мешавад, ки дар мавриди якум ҳодисаи тадқиқшаванда ба вуҷуд меояд ва дар мавриди дуюм ба вуҷуд намеояд. Ин мавриди муқоиса танҳо бо як ҳодиса тафовут дорад. Ҳамин ҳодиса дар мавриди якум ба амал меояд ва дар мавриди дуюм вуҷуд надорад, пас, ҳодисаи тадқиқшаванда ҳам пайдо намешавад. Бинобар ин хулоса бароварда мешавад, ки ҳамин ҳодиса сабаби ҳодисаи тадқиқ кардаистода аст.
Масалан, дар ду қитъаи замин ҷуворимакка кошта мешавад: хок, намии ин заминҳо як хел мебошанд ва онҳо дар як вақт ва бо як хел усул кошта шудаанд. Лекин нуриҳои минералӣ ба замини якум баъд аз кишт дода мешавад ва ба замини дуюм дода намешавад.
Ҳосили қитъаи замини якум нисбат ба ҳосили қитъаи замини дуюм беҳтар ва зиёдтар мешавад. Аз ин ҷо хулоса бароварда мешавад, ки сабаби серҳосилии замини якум нуриҳои минералӣ пошидан аст.
Ё ки ҷараёни электрикӣ аз магзи оби тоза гузарад, ин об ба водород ва кислород ҷудо намешавад. Лекин агар ба об камтар кислота (туршӣ) омехта карда шавад, он гоҳ ин оби туршшуда дар вақти гузаштани ҷараёни электрикӣ ба водород ва кислород ҷудо мешавад. Пас, кислота сабаби бо ҷараёни электрикӣ ҷудо шудани об мебошад.
Формулаи хулосабарорӣ бо ёрии методи тафовут чунин ифода меёбад:
Қатори ҳодисаҳои муқаддам:
- ABC
- BC
Қатори ҳодисаҳои муттаохир:
abc
bc
Пас, А сабаби а мебошад.
Бо ёрии ин методи тафовут ҳам дониши ҳақиқии эътиборнок пайдо кардан мумкин нест. Аз ин метод хулосаи эҳтимолӣ пайдо карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё