Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
дар соҳаи илмҳои математикӣ ба кор бурда мешавад ва одатан ин навъи исботро исбот аз муқобил меноманд.
Масалан, олими машҳур Ньютон фикрро дар бораи он ки Замин кашидани обҳояро бас накардааст, исбот менамояд. Агар Замин ба худ кашидани обҳояро бас мекард, он гоҳ ҳамаи обҳои баҳр боло рафта ба сатҳи моҳтоб ҷорӣ мешуданд. Вале ҳамаи обҳои баҳр ба боло баромада ва ба сатҳи моҳтоб ҷорӣ нашуда истодаанд. Бинобар ин, Замин кашидани обҳояро бас накардааст.
§ 4. УСУЛҲОИ ИНКОР
Дурӯғ будани тезис бо якчанд роҳҳо исбот карда мешавад, яъне тезисро ба воситаи рад кардани асосҳое, ки барои тасдиқ намудани он оварда мешавад ё ба воситаи рад кардани алоқаи байни тезис ва асосҳо, ё ба воситаи инкори худи тезис, рад намудан мумкин аст. Бинобар ин, инкор бо роҳҳои зерин ба амал меояд.
Усули якуми инкор. Бо мақсади исбот кардани дурӯғии тезис ҳақ будани муҳокимае, ки ба тезис зид ё муқобил мебошад, исбот карда мешавад. Аз ҳақ будани муҳокимае, ки ба тезис зид ё муқобил аст, мувофиқи қонуни зиддият дурӯғ будани тезис мебарояд. Ин усули инкор хеле муҳим аст, зеро дар ин ҷо шахси инкоркунанда муҳокимаеро мустақилона исбот менамояд, ки вай бо тезиси инкоршаванда мухолиф мебошад.
Усули дуюми инкор. Бо усули дуюми инкор дурӯғ будани асосҳо, далелҳое, ки барои тасдиқ намудани тезис далел оварда мешаванд, ошкор карда мешавад. Агар дурӯғ будани асосҳо, далелҳое, ки барои тасдиқи тезис оварда шуданд, исбот карда шаванд, пас бо ҳамин тезис инкор карда мешавад.
Аз қоидаи алоқамандии асос ва натиҷа ба мо маълум аст, ки аз асоси дурӯғ ҳамеша натиҷаи дурӯғ намебарояд, зеро мумкин аст, ҳақ будани натиҷаи мазкур аз дигар асосҳо барояд.
Дар исботи мантиқии тезис ҳамчун натиҷа ҳамеша аз асосҳо мебарояд. Бинобар ин, баробари исбот намудани дурӯғии асосҳое, ки барои тасдиқи тезис оварда мешаванд, доимо дурӯғии тезис инкор карда намешавад, чунки мумкин аст, ҳақ будани тезиси мазкур аз асосҳое барояд, ки онҳоро шахси исботкунанда ёфта натавонистааст.
Усули сейуми инкор. Бо ин усули инкор нишон дода мешавад, ки аз асосҳо, далелҳои барои тасдиқи тезис овардашуда, ҳақ будани тезиси мазкур намебарояд. Дар ин ҷо мумкин аст, ки асосҳои барои тасдиқи тезис овардашуда, муҳокимаҳои ҳақ бошанд, вале муқаррар карда мешавад, ки аз ин асосҳо ҳақ будани тезиси мазкур намебарояд. Мумкин аст, аз ин асосҳо тезиси дигар ҳақ барояд, вале аз онҳо ҳақ будани тезиси ҳимоя шудаистода намебарояд. Бо ин усули инкор дурӯғ будани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё