Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

тезис мустақилона исбот карда нашуда, балки муайян карда мешавад, ки тезиси мазкур ҳамчун фикри ҳақ исбот карда нашудааст.

Ин усулҳои инкор дар баҳсу мунозира бештар ба кор бурда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ин усулҳои инкор агар баробар кор фармуда шаванд, аҳамияти онҳо меафзояд.

§ 5. ҚОИДАҲОИ ИСБОТ

Барои дуруст ба анҷом расондани исботи мантиқӣ бояд ба қоидаҳои зерин риоя карда шавад.

Қоидаи якум. Тезис бояд муҳокимаи возеҳ ва аниқ бошад.
Агар тезиси исботшаванда ноаниқ бошаду ба шахси исботкунанда чӣ чизро исбот карданаш номаълум бошад, пас ин инокисии исботро нишон медиҳад. Шахси исботкунанда бояд тезиси исботашро барои худ аниқ ва равшан намояд. Баъзан лектор ё маърузачӣ фикрҳои худро изҳор намуда, асосу далелҳое меорад, то ки мулоҳизаҳояшро муфассал баён намояд.
Лекин кас агар мазмуни лексия ё маърузаро бо диққат, бо мулоҳиза гӯш кунад, пас маълум мегардад, ки чаро далелу исботи маърузачӣ номуайяну ноаниқ аст. Мумкин аст фикрҳои изҳоршавандаи маърузачӣ дуруст бошанд, вале кадом фикрро исбот кардани вай номаълум мемонад. Дар ин гуна мавриди ҳақи фикри исботшаванда — тезис аниқ муайян нашудааст. Бинобар ин, асосҳо, далелҳо ва мулоҳизаҳое, ки баён мешаванд, мазмунан дуруст бошанд ҳам, дар ин ҷо мувофиқи мақсад намебошанд.

Баъзан дар вақти баҳсу мунозира ду шахс чӣ чизро исбот кардани худро ба ҳамдигар дуруст нафаҳмонда, барои исботи тезисҳои худ саъю кӯшиш менамоянд. Аммо агар фикрҳои онҳоро бодиққат мулоҳиза гӯш кунем, мебинем, ки ҳар дуяшон ҳам як фикрро исбот карда истодаанд ва ба фикрҳои ҳамдигар розианд, бинобар ин ҳоҷати баҳсу мунозира нест.
Ва баъзан, баръакс, дар вақти баҳсу мунозира ду шахс дар бораи чизҳои гуногун фикрҳои худро баён намуда мехоҳанд исбот кунанд ва фикрҳо — тезисҳои онҳо ба якдигар зиддияте надоранд, мулоҳизаҳои ҳар дуяшон ҳам ҳақ ё ғалат мебарояд, бинобар ин, дар ин ҷо ҳам ҳоҷати баҳсу мунозира нест. Ин гуна каҷфаҳмиҳо аз он сабаб ба миён меоянд, ки тезиси исботшаванда да норавшан, номуайян мебошад.

Қоидаи дуввум. Тезис бояд то ба охири исботи мазкур айнан бо мазмуни худ кор фармуда шавад.

Баъзан дар вақти исбот бо таҳлил намудани асосҳо, далелҳо ва инкор кардани фикрҳое, ки зидди тезис нигаронида шудаанд, машғул шуда, тезиси аввалини худро ба тарзи номаълум
бо дигар фикр аралаш карда дар натиҷа ҳамин тезисе ки мехостед исбот кунед, исбот накарда, балки дигар фикрро исбот

пешина
аз 192
навбатӣ