Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
карда мемонед. Ин гуна хатогӣ дар илми мантиқ, хатогии иваз кардани тезис ном дорад. Агар дар вақти исбот як тезис бо дигараш бошуурона, қасдан иваз карда шавад, ин гуна хатогӣ софизм ном дорад. Аз ин гуна софизмҳо идеологҳои синфҳои истисморкунанда, душманони оммаи меҳнаткаш бо мақсади дубарорҳои сохта — софизмҳои душмани синфи коргарро В. И. Ленин доимо танқид карда, онҳоро фош менамуд.
В. И. Ленин принципи федеративии ташкилёбии партия, ки онро бундчиён дар солҳои 1901—1904 ба миён гузошта буданд, таҳлил намуда, дар мақолаи «Мавқеи Бунд дар партия», аз тарафи бундчиён аралаш ва иваз кардани мафҳумҳои гуногуни «қисми партия»-ро ошкор намуда, тамоман бемантиқии афкорашонро сахт танқид карда буд.
Боз дар поёнтари ҳамин асараш В. И. Ленин ба ҳамин гуна шахсоне ки фикрҳои худро исбот кардаӣ шуда, қоидаҳои олдии мантиқро вайрон мекунанд, аз «Фауст»-и нависанда Гёте иқтибос оварда менависад: «Бинобар ин, дӯсти азизам, ба шумо маслиҳат медиҳам, ки пеш аз ҳама мантиқро омӯзед!»1.
Қоидаи сеюм. Асосҳо, далелҳо, ки барои тасдиқ кардани тезис оварда мешаванд, бояд муҳокимаҳои ҳақ бошанд. Агар асосҳо, далелҳо ки барои тасдиқ намудани тезис оварда мешаванд, дурӯғ ё шубҳанок бошанд, пас, исбот ҳам ғалат ва нодуруст мешавад. Баъзан ҳамчун асос далеле, ки он бояд тезисро тасдиқ намояд, муҳокимае оварда мешавад, ки исботталабанд. Ҳамчун асос муҳокимае оварда мешавад, ки худи вай исботро талаб менамояд, яъне худаш шубҳанок мебошад ва ҳақ буданаш ҳанӯз муқаррар нашудааст. Ҳамин гуна асосро шахси исботкунанда истифода бурда истода, онро фикри ҳақиқии исботшуда эътироф мекунад.
Ба ҳамин гуна хатогии исбот «исботи» иқтисодҷии реаксиюнии инглис Мальтус дар бораи афзоиши аҳолӣ мисол шуда метавонад. Мальтус нобаробарии иҷтимоии ҷамъияти капиталистиро тарафдорӣ намуда, исбот кардаӣ мешуд, ки миқдори аҳолӣ бо роҳи прогрессияи геометрӣ афзуда ва ҳосилнокии замин, ки аҳолиро бо хӯрокворӣ таъмин мекунад, бо роҳи прогрессияи арифметикӣ меафзояд. Барои ин исботи худ ҳамчун далел Мальтус дар зарфи 25 сол ду бор зиёдшавии аҳолиро аз ҳаёти ШМА гирифта буд. Аммо ин асос ва далели Мальтус фикри ғалат, исбот нашуда буд. Дар ҳақиқат аҳолии ШМА дар давоми 25 сол не, балки дар зарфи дуру дароз на танҳо аз ҳисоби зиёдшавии халқи маҳаллӣ, балки аз ҳисоби аз Европа ба Америка кӯчидани одамон ду баробар афзудааст.
Қоидаи чорӯм. Далелҳо бояд барои тасдиқи тезис асоси кифоя бошанд.
1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 7, саҳ. 91.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё