Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Маълум аст, ки дар исбот далелҳо бо тезис ҳамчун асос бо натиҷа алоқаманд мебошанд. Дар исботи дуруст агар далелҳо ва асосҳо ҳақ бошанд, тезис ҳам ҳақ мебарояд. Баъзан барои тасдиқи тезис далелҳо, асосҳое оварда мешаванд, ки онҳо донишҳои ҳақ буда, вале барои тезис асос шуда наметавонанд.

Ин гуна хатогӣ дар илми мантиқ бо ибораи «намебарояд», «намеояд» ифода карда мешавад, яъне аз далелҳои овардашуда тезиси ҳақ намебарояд.

Ҳамин гуна хатогиро қасдан ҳайати вакилони давлатҳои бузурги Ғарб дар яке аз маҷлисҳои комиссия оид ба назорати қувваи атомӣ содир кардаанд. Онҳо бо ҳар роҳ масъалаи пешгузоштаи «Комиссияи назорати қувваи атомӣ»-ро ба хатогиҳо талқин намуда, ҳайати онро саргум карданияш буданд.

Боз яке аз ҳамин гуна хатогиҳо аз гуфтори шартӣ ба гуфтори бешарт гузаштан аст. Агар фикри муайян шароитҳои муайянро ба назар гирад, ҳақ мешавад, аммо дар вақти исбот вайро ҳамчун фикре, ки дар ҳама шароитҳо ҳақ мебошад, эътироф намудан хатост.

Масалан, асосгузорони марксизм гуфтаанд, ки дар он мавриде, ки синфҳои ҷамъиятӣ аз байн мераванд, ҳокимияти давлатӣ ҳам лозим намешавад. Душмани марксизм ва ревизионистҳо ин фикрро нодуруст шарҳ дода мегуянд, ки бояд давлати социалистӣ дар айни замон аз миён равад. Ин фикр тамоман хатост, зеро гуфтани ҳирадмандонаи Маркс ва Энгельс оид ба давлати социалистӣ шароити дигарро дошт, ин фикр ҳамон шароитеро, ки дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон социализм ғалаба карда ва системаи капиталистивӣ аз миён тамоман меравад, асос ёфтааст. Азбаски ҳанӯз дар ҷаҳон ҳоло системаи капиталистӣ мавҷуд аст, Давлати Советӣ тамоман аз байн намеравад.

Қоидаи панҷӯм. Далелҳо, асосҳо бояд чунин муҳокимаҳое бошанд, ки аз онҳо тезис бароварда мешавад, содир мегардад. Дар ин исбот ҳақ будани тезис аз ҳақ будани асосҳо бароварда мешавад, вале ҳақ будани худи асосҳоро аз тезис баровардан мумкин нест. Ҳақ будани асосҳо бояд аз дигар муҳокимаҳои исботшуда бароварда шавад. Вайрон шудани ин қоида ба хатогие оварда мерасонад, ки ин хатогӣ «даврзании ноқис» ном дорад. Ин гуна хатогӣ дар он мавриде ки тезис аз асосҳо ва асосҳо аз тезис бароварда мешаванд, содир мегардад. Дар ин маврид дар ҳақиқат даврзании ноқис ба амал меояд.

Масалан, Маркс дар яке аз асарҳои худ «Музди кор нарх ва фоида» нишон медиҳад, ки иқтисодчӯёни Англия ақидаҳои худро оид ба моҳияти «арзиши меҳнат» исбот карда истода, ба даврзании ноқис меоянд. Яке аз он иқтисодчиён мегӯяд, ки музди кор нархи молҳоро ба тартиб меорад, чунки зиёд шудани музди кор бояд сабаби баланд шудани нархҳо гардад. Аммо баъд аз ин вай акси ин фикрро исбот карда мегӯяд, ки аз зиёд кардани музди

пешина
аз 192
навбатӣ