Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

кор вазъият беҳтар намешавад, зеро дар ин маврид нархи молҳо зиёд мешавад, чунки дар ҳақиқат музди кор бо нархи молҳо андоза карда мешавад. Маркс ба ҳамин ақидаи иқтисодӣ мазкур баҳо дода мегӯяд, ки арзиши молҳоро арзиши меҳнат ва арзиши меҳнатро арзиши молҳо муайян мекунад, гуфтан маънои ба пасу пеш ҳаракат карда истодани даврзании ноқисро ба амал овардан аст, ки аз ин ҳеҷ як хулосаи мусбат баровар- дан мумкин нест.

Маркс боз дар ҳамон асар моҳияти ҳамон даврзании но- қисро ошкор намуда, менависад, ки: «Дар ҳамин ҷо мо агар ҳақиқатан ҳам мантиқан фикр ронданро хоҳем, гаранг шуда мемонем. Ва ҳол он ки хомӯшии ин таълимот чандон парвои ман- тик надоранд»¹.

Қоидаи шашум. Тезис бояд чунин хулосае бошад, ки вай мувофиқи қоидаҳои хулосабарорӣ аз асосҳое барояд. Исбот бо ёрии хулосабарорӣ, яъне ба воситаи хулосабарории дедук- тивӣ ё индуктивӣ ифода карда мешавад. Вале дар исбот тар- тиби алоқаи мантиқӣ дигар хел аст. Агар мо дар хулосабарории муқаррарӣ аз муқаддимаҳо ба хулоса гузарем, дар исбот акси он — аз хулоса (яъне тезис) ба муқаддимаҳо (яъне асосҳо) мегузарем. Бинобар ин, дар исбот бояд ба ҳамаи қоидаҳои ху- лосабарорӣ риоя карда шавад. Дар исбот ҳар як қоидаи хулоса- барориро вайрон кардан хатои маҳз аст.

1 К. Маркс ва Ф. Энгельс. Асарҳо, ҷ. XIII, қисми 1. Партиздат ЦК ВКП(б), 1936, саҳ. 110.

пешина
аз 192
навбатӣ