Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

БОБИ XI

ФАРАЗИЯ (ГИПОТЕЗА)

§ 1. ТАЪРИФИ ФАРАЗИЯ

Фаразия яке аз шаклҳои мураккабтарини тафаккур мебошад. Вай ҳамчун шакли мураккаби тафаккур аз системаи мафҳумҳо, муҳокимаҳо ва хулосабарориҳо иборат аст.

Фаразия чунин шакли мураккаби тафаккурест, ки бо ёрии он ҳодисаҳо, воқеаҳо дарк карда мешаванд ва қонунияти пайдоиши онҳо ошкор мегардад.

Фаразия чунин методи мураккаби тадқиқотест, ки ба воситаи он дониши тахминии дар бораи қонуният, сабаби ҳодисаҳои тадқиқшаванда пайдо карда мешавад.

Пайдо кардани фаразия хеле кори мураккаб аст. Барои фикри тахминиро дар бораи фалон ҳодиса баён кардан қиёс роли муайянро мебозад. Тадқиқотчӣ монандӣи ҳодисаҳои омӯхтаистодаро бо ҳодисаҳое, ки қонунияташон аз ин пеш муқаррар гардидааст, ошкор намуда фикри тахминиро баён карда мегӯяд, ки дар ин ҷо мумкин аст фалон навъи алоқамандии қонунӣ мавҷуд бошад. Барои тартиб додани ҳамин гуна фаразия тадқиқотчӣ аз тамоми донишҳои илмии ҷамъшуда истифода бурда, монандӣи ҳодисаи тадқиқшавандаашро бо фактҳои маълум ва тадқиқшудае, ки бо ҳодисаи мазкур наздиканд, муайян мекунад.

Таърихи илм шаҳодат медиҳад, ки бисёрии фаразияҳо дар асоси қиёс ба вуҷуд омадаанд.

Масалан, дар ибтидои асри XX олимон сохти атомро бо сохти системаи сайёраҳои Офтоб муқоиса карда, фаразияро дар бораи сохти атом ба вуҷуд овардаанд.

Ҳамин тавр мавҷҳои рӯи (сатҳи) обро мушоҳида карда, олимон дар бораи моҳияти мавҷи рӯшноӣ фаразияро ба вуҷуд оварда буданд.

Ҳамин тариқ, ба наздикӣ дар асоси қиёс фаразияи олими советӣ И. С. Шкловский дар бораи пайдоиши ҳамроҳони сунъии сайёраи Миррих пайдо шуд. Фаразияи мазкур чунин тартиб дода шудааст:

пешина
аз 192
навбатӣ