Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Миррих ду ҳамроҳ дорад. Ин ҳамроҳони Мирриҳ қариб сад сол пеш аз ин кашф шудаанд. Онҳоро дидан ниҳоятдараҷа душвор аст. Ҳаҷми онҳо он қадар калон нест ва онҳо ба Мирриҳ наздиканд. Рӯшноии сайёра дидани онҳоро душвор менамояд. Ин ҳамроҳони Мирриҳ Фобос ва Деймос ном доранд, ки маънои луғавии ин калимаҳо Ваҳм ва Даҳшат мебошад. (Ба фикри кашфиётчи ин ҳамроҳони Мирриҳ бояд ҳамин тавр ном дошта бошад, зеро Мирриҳ ба ақидаи юнониёни қадим худои ҷанг аст).

Дар ибтидои асри XX олими рус Герман Струве муҳоҳидаҳои хеле дуруст карда ҳамаи элементҳои орбитаи онҳоро муқаррар намуда буд. Дар асоси ин фикрҳо ба қонунҳои механикаи ҷисмҳои осмонӣ такя намуда, мавқеи онҳоро дар орбитаҳо дар ҳар як дақиқа ҳисоб карда баромадан мумкин аст. Дар соли 1945 астрономи америкои Шарплес тадқиқ карда дид, ки Фобос нисбат бо ҳамон мавқее, ки аз ҳисобкуниҳои Струве ҳосил мешавад, бо орбитаи худ ба 2,5 дараҷа пеш ҳаракат кардааст.

Олим И. С. Шкловский бо ин ҳодиса машғул шуд. Вай барои ёфтани сабаби ҳамин тағйирёбии ҳаракати Фобос саъю кӯшиш намуд. Олим дар натиҷаи тадқиқи ҳамаҷонибаи илмӣ ба чунин хулоса омад. Фобос қатъи назар аз ҳаҷми бузургаш, дорои массаи хеле хурд аст. Ба ҳисоби миёна зичии вай ҳатто аз зичии ҳавои рӯизаминӣ ҳам хурдтар аст. Лекин ҷисми сар то сар дорои ҳамин гуна массаи хеле хурд шуда наметавонад. Бинобар ин, мумкин аст, ки Фобос ҷисми сар то сар сахт набуда, балки монандӣ пуффак ё ки мисли бонкаи консервӣ бошад.

Сайёра ё ки Моҳро ҷисми холӣ тасаввур кардан кори душвор аст. Аммо ҳамроҳони сунъӣ, эҳтимол, ҳеҷ гоҳ чизи сар то сар сахт нашавад. Онҳо ҳамеша ҷисми парданоке мешаванд, ки дар дохилашон бояд одамон ва асбобҳои автоматӣ мавҷуд бошанд. Ҳамин тариқ, олими советӣ фарзияро дар бораи он ки ҳамроҳони Мирриҳ сунъӣ мебошанд, баён намуд ва гуфт, ки онҳо эҳтимол миллиардҳо сол пеш аз ин аз тарафи мавҷудоти зиндаи бошуурак, ки дар он давра онҳо дар ҳамин сайёра зиндагӣ мекарданд, сохта шуда бошанд.

Қиёс барои ба вуҷуд омадани фарзия хеле роҳи муҳимро мебозад. Чӣ тавре ки мебинем, фарзия оид ба ҳамроҳони сунъии Мирриҳ ҳам дар асоси қиёс ба амал омадааст. Агарчӣ барои ба вуҷуд омадани фарзия қиёс роли муҳим бозад ҳам, муқоиса намудани ҳодисаҳои гуногуни барои асоснок намудани гипотеза ҳанӯз кифоя нест. Фикри таҳминӣ баъд аз бо як қатор фактҳо санҷидан, ба фарзияи илмӣ мубаддал мегардад. Барои фикри таҳминиро асоснок намуда, ба фарзияи илмӣ табдил додан хулосабарории индуктивӣ ва дедуктивӣ роли калон мебозад.

пешина
аз 192
навбатӣ