Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

Фарозия ҳеҷ гоҳ танҳо дар асоси як факт тартиб дода намешавад. Фикри тахминӣ бояд дар асоси фактҳо асоснок карда шавад.

Агар хулосабарории дедуктивӣ ба кор бурда нашавад, фикри тахминиро ба фарозия табдил додан, асоснок ва мустаҳкам камудани он аз як фарозия ба дигараш гузаштан имконнопазир аст. Ба донишҳо, фактҳои ҷамъшуда муроҷиат намуда, онро бо эксперимент омӯхта, тадқиқотчӣ дар асоси фарозия ҳеле материалҳои фаровон ҷамъ менамояд, ки дар асоси онҳо фарозия инкишоф ёфта, дараҷаи эътиборнокиаш меафзояд ё бо фарозияи дигар иваз мешавад.

Барои инкишофи фарозия хулосабарории дедуктивӣ хеле роли калон мебозад. Мисоли зеринро аз таърихи илми физика дида мебароем.

Дар аввали асри ХХ илми физика бо мақсади фаҳмондани сохти атом, фарозияро ба миён гузошта буд, ки мувофиқи он атом мисли системаи офтоб системаи мураккаб буда аз дараҷаи заряди мусбат (ядро), ки онро заррачаҳои заряди манфӣ дошта, (яъне электронҳо) иҳота менамоянд, иборат аст. Электронҳо дар атрофи ядро аз сабаби кашиши заряди мусбат ва тела дода дур кардани электронҳои заряди манфӣ чарх мезананд.

Ин фаразия ҳанӯз асоснок нашуда буд. Сониятар маълум гардид, ки дар ин фаразия баъзе лаҳзаҳояш дуруст бошанд ҳам, процессҳои энергетикии дохили атомиро равшан ифода намекард. Вақте ки мехостанд фаразияи зикршударо ба атоми водородӣ тадбиқ кунанд, ноаниқиаш ошкор гардид, зеро атоми водород дар канораш танҳо як электрон дорад, бинобар ин, дар вай таъсири теладиҳӣ набуда, танҳо кашидани протон мавҷуд аст. Ин фаразия ба назарияи электромагнитии Максвелл—Лоренц зид буд. Мувофиқи назарияи электромагнитӣ заррачаи қувваи электрикдоштае, ки бо суръати тез ҳаракат мекунад, бояд бо энергияи худ шуъо бароварда, сарф кунад. Агар фаразия дар бораи сохти сайёравии атом дуруст бошад, он гоҳ электроне, ки ба атрофи ядро бо суръати тез ҳаракат мекунад, бояд ҳатман шуъо бароварда қувва сарф намояд. Лаҳзае нагузашта электрон бояд ба болои ядро афтода вайро бетараф карда, заррачаи бетарафро ташкил диҳад.

Ҳамин тариқ, натиҷаҳое, ки аз фаразияи сохти сайёравии атом мебароянд, чӣ навъе ки дар боло зикр гардид, аз дигар ҷиҳатҳо низ ба назарияи электромагнитӣ зид мебошад.

Ин мисол дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки аввалан фикри тахминӣ бо ёрии хулосабарории дедуктивӣ санҷида шуда, ҷиҳатҳои тасодуфии он дур карда мешавад, пас вай ба фикри тахминии асоснок, фаразияи илмӣ табдил меёбад.

Барои фикри тахминиро ба фаразия табдил додан ба қонун ва назарияҳои муқарраргардидаи илм мувофиқ ё номувофиқии

пешина
аз 192
навбатӣ