Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
онро ба воситаи хулосабарории дедуктивӣ санҷидан аҳамияти хеле калон дорад.
Фарзия ҳамчун методи мураккаби тадқиқот дар соҳаи омӯхтани ҳодисаҳои ҷамъият ҳам хеле аҳамияти калон дорад. Масалан, таълимоти материалистии таърих дар солҳои 40-уми асри гузашта дониши тахминӣ, яъне фарзия буд. Аммо ин таълимот чунин фарзия буд, ки «нахустин бор барои ба масъалаҳои таърихӣ ва ҷамъиятӣ бо назари мутлақо илмӣ нигоҳ кардан имконият ба вуҷуд меовард»1.
Пешвоёни бузург К. Маркс ва Ф. Энгельс барои исботи фарзияи зикршуда ҷамъияти капиталистиро дар асоси фактҳои раднашаванда таҳлил намуда, фикрҳои худро дар асари машҳури худ «Капитал» баён намуданд. Бинобар ин, пас аз навишта шудани ин асари безавол, он фарзия ба назарияи илмӣ табдил ёфт.
Дар замони ҳозира таълимоти марксистӣ-лениниро тамоми таҷрибаи тараққиёти ҷамъият, ҳаракатҳои револююсионии пролетариати ҳамаи мамлакатҳо, ғалабаи Революцияи социалистӣ ва ҷамъияти социалистӣ дар мамлакати мо, ғалабаи революцияҳои социалистӣ дар мамлакатҳои демократияи халқӣ, муборизаи халқҳои мамлакатҳои мустамликавӣ барои озодӣ ва истиқлолият ба таври раднашаванда исбот намудаанд.
Фарзия дар соҳаи адабиётшиносӣ ҳам ба кор бурда мешавад. Баъзан адабиётшиносон барои муайян намудани муаллифи ин ё он асар дар вақти тадқиқот аз фарзия истифода мебаранд. Масалан, ба шарқшиносон маълум аст, ки миқдори рубоиёти Умари Хайём то алҳол муайян нашудааст. Як қисм рубоиёте, ки ба Умари Хайём тааллуқ доранд, аз ҷиҳати маънӣ монандаду шаклан каму беш аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Барои муайян намудани хусусиятҳои ин кабил рубоиёти Умари Хайём шарқшиноси машҳур профессор Э. Е. Бертельс чунин фарзияро овардааст:
— Маълум аст, ки Умари Хайём дар шароити душвортарини таърихӣ зиндагонӣ карда, эҷод намудааст. Ҳатто таърихшиносон шеърҳои мутафаккирро ба «морҳои заҳрдори шариатро нешзананда» нисбат додаанд. Бинобар ин, фаҳмидан душвор нест, ки то чӣ дараҷа шоир аз тарафи рӯҳонию мутаассиб таъқиб карда мешуд. Умари Хайём албатта, барои ҷамъ намудани паҳн кардани шеърҳояш имконият ҳам надошт ва барои ба тартиб даровардан онҳоро математики бузург кори асосии худ намешуморид. Эҳтимол, вай шеърҳои худро дар варақ, мусаввада ва коғазҳои алоҳида навишта ва дар он мавридҳое, ки ба хонаи ӯ баъзе олимони ҳамфикраш ҷамъ мешуданд, дар вақти сӯҳбату анҷуманҳо онҳоро ба дӯстонаш хонда додааст. Тасаввур кунед, ки панҷ рафиқи Хайём ба хонаи ӯ омада, ҳар яке
1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 1, саҳ. 144.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё