Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
ва ҳолатро ифода кардан» нишонаҳои навъӣ мебошанд, ки бо ёрии онҳо феъл ҳамчун мафҳуми навъӣ аз навъҳои дигари ҳиссаи нутқ фарқ карда мешавад. Дар таърифи «ҳарф — аломати хаттист, ки барои ифода намудани овози алоҳидаи нутқ хизмат мекунад», «ҳарф» мафҳуми навъии таърифшаванда мебошад. «Аломати хаттӣ», ҷинси наздик ва «барои ифода намудани овози алоҳидаи нутқ, хизмат кардан», нишонаи навъӣ мебошад.
Дар таърифи «гипербола — чунин ибораи маҷозиест, ки бо вай бо мақсади пурқувват намудани фасоҳати нутқ, муболиға ба кор бурда мешавад», «гипербола» мафҳуми таърифшавандаи навъӣ: «ибораи маҷозӣ» — ҷинси наздик буда, «бо мақсади пурқувват намудани фасоҳати нутқ, муболиғаро ба кор бурдан» нишонаҳои навъӣ мешаванд.
Ба воситаи ин тарзи таъриф на фақат мафҳумҳои нисбатан оддӣ, балки баъзан мафҳумҳои мураккаб ҳам таъриф карда мешаванд.
Мутафаккирон ва олимон барои ошкор намудани мафҳумҳои мураккаб дар баробари дигар усулҳои тадқиқотчӣ аз ин амали таърифи мафҳум — таъриф бо ёрии ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ ҳам васеъ истифода мебаранд.
Ин тарзи таърифро мо дар осори эҷдкорони марксизм ҳам мебинем.
Бо ҳамин тарзи таъриф, масалан мафҳуми «давлат» чунин таъриф карда мешавад: «Давлат — ташкилоти сиёсии синфи ҳукмронест, ки вай барои мустаҳкам намудани ҳукмронии ҳамин синф ва фурӯ нишондани муқобилияти дигар синфҳо хизмат мекунад».
Мисоли дигар: «Капитализм чунин формацияи иҷтимоӣ-иқтисодии антагонистиест, ки дар вай истеҳсолот характери ҷамъиятӣ дошта, азонихудкунии маҳсулоти истеҳсолот характери хусусӣ дорад».
Дар ҳар кадоми ин таърифҳои зикршуда ҷинси наздик ва нишонаҳои навъӣ муқаррар карда шудаанд. Биссёрии мафҳум- ҳои илмӣ бо ҳамин роҳ — ҷинси наздик ва муайян намудани нишонаҳои навъӣ таъриф карда мешаванд. Албатта, ин гуна таърифҳо тамоми ҷиҳатҳои предмет ва ҳодисаҳои воқеиятро инъ- икос намекунанд. Ин гуна таърифҳо тараққиёти ҳодисаҳо, ало- қа ва муносибатҳои гуногуни байни онҳоро ошкор наменамо- янд. Ин тарзи таъриф танҳо баъзе ҷиҳатҳои ҳодисаҳоро му- медиҳад. Бинобар ин, чунин таърифҳо барои мукаммал донис- та гирифтани воқеият кифоя нестанд. Вале ин гуна вазифа ҳам дар назди таъриф ба миён гузошта намешавад.
Мафҳумҳо аксар вақт бо роҳи муқаррар намудани ҷинси наз- дик ва нишонаҳои навъӣ таъриф карда мешаванд. Аммо ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё