Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

§ 6. НАЗАРИЯҲОИ МАФҲУМ

Маълум аст, ки агар сухан дар бораи эҳсосот ва ё тасаввур равад, мо бешубҳа мегӯем, ки онҳо инъикоси предметҳои воқеият мебошанд. Агар сухан дар бораи мафҳум равад, ба саволи чӣ чизро инъикос кардани он ҷавоб додан душвортар аст. Мафҳум он чизи умумие, ки дар байни предметҳо мавҷуд аст, инъикос мекунад. Мафҳум инъикоси умумият, моҳияти предметҳост. Оё он умумият ва моҳият дар воқеият мавҷуд аст? Агар мавҷуд бошад, вай чӣ навъ вуҷуд дорад?

Ин масъала яке аз масъалаҳои асосии мантиқ ва философия мебошад.

Дар бораи моҳияти мафҳум дар илми мантиқ кайҳо боз баҳсу мунозира меравад ва оид ба ин масъалаҳо бисёр назарияҳо ба вуҷуд омадаанд. Шахсе, ки мантиқро меомӯзад, барои моҳияти мафҳумро дуруст ва хубтар фаҳмидан бояд онҳоро дониста гирад. Дар таърихи илми мантиқ оид ба моҳияти мафҳум асосан се назарияи зерин хеле маълум аст.

а) Назарияи реализм. Ақидаи мантиқшиносоне, ки назариячиёни реализм ном доранд, аз он иборат аст, ки гӯё дар худи воқеият, берун аз шуури инсон ва новобаста бо он идеяҳои (фикрҳои) умумӣ вуҷуд дошта бошанд.

Умумият, кулл ҳамчун моҳияти чизҳои фардӣ, пеш аз онҳо вуҷуд доранд. Пеш аз ҳама «умуман одам», яъне «идеяи» одам мавҷуд буда, баъд аз он одамони фардӣ ҳамчун зуҳуроти ҳамон идея пайдо мешаванд. Философи идеалисти Юнони қадим Платон (Афлотун) асосузори ин гуна назария мебошад.

Аз рӯи ақидаи Платон, идея инъикоси воқеият набуда, балки худи воқеиятро ташкил медиҳад. Идея аз вақт берун мавҷуд аст. Чизҳои офаридашуда бошанд, дар вақт дорои маҳдудиятанд.

Сонитар Аристотель (Арасту) ақидаи «реализм»-ро ба тарзи дигар маънидод кард.

Аз рӯи ақидаи Аристотель умумият бе чизи алоҳида вуҷуд надорад. Мисли он ки зебогиро бе чизи зебо, шириниро бе чизи ширин, шатранҷро бе бозикунандагони шатранҷ тасаввур кардан мумкин нест, умумият ҳам бе чизи алоҳида тасаввур карда намешавад.

Аристотель материя ва шаклро аз якдигар ҷудо мекард. Масалан, кӯзаи сафолиро мегирем. Сафол дар ин ҷо — материя буда, намуде, ки ба кӯза кулолгар медиҳад — шакли он мебошад. Азбаски кӯза шакл дорад, вай ҳамчун чизи муайян аз дигар чизҳо фарқ мекунад. Шакл моҳияти чиз аст. Ба воситаи шакл як чиз аз чизи дигар фарқ карда мешавад. Шакли ҳар як чиз моҳият, ҷавҳари ҳамон чиз ва якумин аст. Шакл чизи моддӣ аст, умумият бошад чизи моддӣ нест. Пеш аз он ки кулолгар кӯзаро созад, материя дар намуди сафол ва шакли кӯза

пешина
аз 192
навбатӣ