Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Либия, Алҷазоир, Миср, Ироқ ва Кувайтро дар бар мегирад.
Муносибатҳо бо Тоҷикистон. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолияти худро эълон намудан Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои араб ба расмият шинохта шуд. Ҳоло Тоҷикистон бо бештари ин кишварҳо муносибатҳои дипломатӣ дорад. Бояд гуфт, ки ибтидои ҳамчун давлати мустақил ва соҳибихтиёр по ба арсаи ҷаҳонӣ гузоштани Тоҷикистон дар заминаи барқарор ва густариш додани муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла олами араб, умедворкунанда буд. Ба ин, дар як муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон, сафар намудани ҳайатҳои Арабистони Саудӣ ва Сурия бо роҳбарии вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо - амир Файсал ва Форук-аш-Шарьа ва сафари ҳайати кувайтӣ бо роҳбарии Вазири молия Носир ар-Равзан мисол шуда метавонанд. Вале мутаассифона, ба ин раванди табиии ба ҳам наздик гардидан воқеаҳои маълуми дохили Тоҷикистон ва нооромии вазъи он, ки чанд сол тӯл кашиданд, халали ҷиддӣ расониданд.
Боздидҳои расмии Президенти кишвар Э.Раҳмонов аз Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ баргузор гардиданд. Тоҷикистонро бо Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Сурия ва Миср созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг ба ҳам мепайванданд.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ аҳамияти зиёд дода мешавад, ки аз чанд омил сарчашма мегирад. Пеш аз ҳама бояд умумияти таърихии деринаи арабҳо ва тоҷиконро зикр намуд. Дини ислом, бешак яке аз омилҳои муҳимест, ки ба густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва олами араб таъсир мерасонад. Бо дарназардошти имкониятҳои фаровони молии кишварҳои арабии содиркунандаи нафт (Арабистони Саудӣ, Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Либия ва ғайра) ҷалби сармояи онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хориҷии кишвари мо буда метавонад. Нуфуз ва эътиборе, ки баъзе аз кишварҳои арабӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (Миср,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё