Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар ҳамон сол инчунин кишварҳои Миср, Либия, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Уммон ва Қатар бо мақсади ҳарчӣ тезтар ба по мондани истеҳсолот, ободонии шаҳру деҳот бонки байналмилалии давлатҳои арабро таъсис доданд.

Хазинаи асъори давлатҳои араб дар натиҷаи фаъолияти пурсамараш минбаъд боиси вусъатгирии раванди ҳамгироии давлатҳои араб ва ташкилёбии созмонҳои нав гардид.

Дар муҳлатҳои кӯтоҳ ин ду созмони навбунёд бо сармояи зиёди худ ва маблағи барои сармоягузории дохилии кишварҳои араб ва инчунин хориҷӣ истифодашаванда дар ҷаҳон хеле маъруф гаштанд.

Соли 1974 фонди тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои араб бунёд гардид. Ҳамаи аъзоёни Лигаи давлатҳои араб ба ҳайати ин фонд дохил шуданд. Фонди тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои араб барои сарфакорона ва аз рӯи нақшаҳои тасдиқшуда дуруст истифода бурдани сармояҳои "фонди тараққиёти соҳаи кишоварзӣ" ва маблағҳои созмони кишварҳои арабии содиркунандаи нафт (ОАПЕК), ки дар ҳисобҳои махсуси ин фонд нигоҳ дошта мешуданд, бевосита назорат мебурд.

Соли 1975 Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва Қатар якҷоя дар натиҷаи муттаҳид намудани сармояи худ, ки маблағи умумии он ду миллиард доллари америкоиро ташкил дод, созмони "Халиҷи Форс"-ро бо мақсади тараққӣ додани иқтисодиёти кишвари Миср бунёд намуданд. Дар созишномаи имзошуда Ҳукумати Миср ба аъзоёни созмони "Халиҷи Форс" имтиёзҳои зиёдеро фароҳам оварда буданд. Бо розигии тарафайн кулли молҳои истеҳсолшудаи корхонаҳои Миср пеш аз ҳама ба ҳудуди ин давлат ва баъдан ба кишварҳои дигари араб ва ҷаҳон фиристонда мешаванд.

Солҳои аввал азхуд намудани маблағҳои пешбинишуда хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар натиҷаи бунёди корхонаҳои зиёди ҳаҷман калону хурд, шумораи зиёди аҳолӣ бо кор таъмин шуданд. Мувофиқи нақшаи пешакӣ Миср бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин ба маркази сайёҳии аҳолии тамоми ҷаҳон табдил меёфт. Бинобар ин дар баробари бунёди корхонаҳо, қисми зиёди маблағ барои таъмири

пешина
аз 785
навбатӣ