Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

иншооти пешсохташуда, сохтмони отелҳои (меҳмонхонаҳои) беҳтарин ва муҳайё намудани тамоми шароитҳои лозимии ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ равона карда мешуданд.

Соли 1979 созмони босуръат тараққӣкунандаи "Халиҷи Форс" барои бе маслиҳати аъзоёни Лигаи кишварҳои араб бо давлати Исроил барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ якбора фаъолияташро қатъ намуд. Дар натиҷа Миср зиёда аз ҳашт сол дар муҳосираи иқтисодии кишварҳои мусулмони араб ва қитъаи Африқо монд.

Соли 1990 дар асоси қарори сарварони давлатҳои араб, ки моҳи майи соли 1989 дар Конференсияи байналмилалии дар Касабланка баргузоргардида, қабул шуда буд, муҳосираи иқтисодии кишвари Миср бардошта шуд. Дар муҳлати хеле кӯтоҳ тамоми давлатҳои араб ва Африқо муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодии худро бо Миср барқарор намуданд.

Бартараф гардидани ин муносибатҳо роҳбарони Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва Қатарро водор намуд, ки барои татбиқи нақшаҳои тасдиқшуда тадбирҳо андешида, аз нав фаъолияти худро шурӯъ намоянд.

Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир роҳбарони кишварҳои араб сиёсати махсусеро пеш гирифтанд, то ки дар миқёси ҷаҳон нуфузи ҳарчи бештаре дошта бошанд.

Асоси ин сиёсат, агар аз як тараф, барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ва ё барномаи ЭКО баҳри ҳарчи тезтар бо истифодаи инфраструктураи амалкунандаи ҷаҳон ба манбаъҳои асосии ашёи хом ва маводи аввала расидан бошад, аз тарафи дигар, бо истифодаи сармояи зиёди озоди худ ба бозори давлатҳои мутараққӣ ва бозори кишварҳои нави соҳибистиқлол дохил гардида, роҳи махсуси худро пеша кардан аст.

Барои пешрафти иқтисодӣ давлатҳои араб дар баробари созмонҳои номбурда берун аз марзи худ низ даҳҳо ташкилоти молиявиро таъсис доданд, ки онҳо доимо дар паи самараноктар истифода бурдани сармояи бемиқдори зиёд ҷамъшудаи сармоядорони кишварҳои араб мебошанд.

пешина
аз 785
навбатӣ