Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бузургтарин ташкилотҳои молиявӣ инҳоанд:
Бонки рушди исломӣ (Куала-Лумпур), ки бунёдкунандагони он чунин давлатҳои мусулмон, аз ҷумла Афғонистон, Бангладеш, Гвинея, Гамбия, Индонезия, Камерун, Малӣ, Малдив, Нигерия, Покистон, Туркия, Малайзия ва Чад мебошанд;
Фонди якдилии исломӣ. Бояд қайд кард, ки харҷоти начандон бисёри ин фонд бештар барои тарғиби ислом равона карда мешавад;
Бонки арабии рушди иқтисодии Африка, ки бунёдгарони асосии ин бонк Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва чанд кишвари дигари нафтистеҳсолкунандаи араб мебошанд;
Фонди арабии кӯмакҳои техникии мамлакатҳои Африка ва араб, ки дар асоси он лоиҳаҳои экспертизаи ин фондро мегузаронанд, маблағ ҷудо карда мешаванд;
Хазинаи Абузабӣ асосан барои равнақу ривоҷи иқтисодиёти кишварҳои араб, ки бештар соҳаҳои хизматрасонӣ ва инфраструктураи худро доранд, равона карда шудааст;
Агар равшантар карда гӯем, баробари пурзӯр шудани иқтидорашон, чунин давлатҳо, ба мисли Арабистони Саудӣ, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, ки лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупоро истифода мебаранд, таъсири худро дар кулли давлатҳои Шарқи Наздик ва Африка зиёд менамоянд. Онҳо маҷбуранд, ки ин корро сомон диҳанд, вагарна давлатҳои дигари абарқудрат чунин рафтор мекунанд ва ба ин васила ин давлатҳоро вобастаи худ мекунанд.
То солҳои 1980 кулли давлатҳои сармоядори араб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон аз ҷиҳати экологӣ беҳтарин ҷойҳоро интихоб намуда, сармояи зиёдро танҳо барои бунёди истироҳатгоҳҳо равона менамуданд.
Фонди рушди иқтисодии давлати Кувайт бо мақсади ба давлатҳои нисбатан қафомондаи минтақаи араб, Осиё ва Африка баҳри тараққиёти соҳаҳои гуногуни саноат ва соҳаи кишоварзӣ ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок бунёд карда шудааст;
Фонди рушди Арабистони Саудӣ — ба мақсади ба кулли давлатҳои мутараққии ҷаҳон додани қарзҳои имтиёзнок созмон дода шудааст;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё