Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Фонди ироқии рушди бурунмарзӣ барои ҳарчи бештар барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои тамоми ҷаҳон қарзҳои имтиёзнокро пешкаш менамуд.

Истифодаи ин фонд бо сабаби идомаи ҷангҳои пайдарпай дар ҳудуди Ироқ, аз ҷумла, ҷанги Ироқу Эрон, Ироқу Кувайт, муҳосираи иқтисодӣ ва сиёсати Америка нисбат ба давлати Ироқ манъ карда шуд.

Ҷамъи сармояи фондҳои зикршуда дар солҳои охир (1988-1999) зиёда аз 53 миллиард доллари амрикоиро ташкил менамуд.

Ин маблағ, албатта, бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ҳар сол пурра истифода бурда намешавад. Мувофиқи низомномаи фонд, маблағи истифоданашуда дар ҳисоби соли дигари фондҳои номбурда нигоҳ дошта мешавад. Ба ин васила маблағҳои озоди бидуни барномаи солонаи ин хазинаҳо сол аз сол меафзояд.

Умуман солҳои охир дар олами араб раванди ҳамгироӣ дар се минтақаи он хеле хуб ба роҳ монда шуда буд:

минтақаи Иттиҳоди Мағриби Арабӣ - давлатҳое, ки дар қисми ғарбии Арабистон ҷой гирифтаанд;

минтақаи давлатҳое, ки дар Халиҷи Форс воқеъ мебошанд;

созмони "Иттиҳоди ҳамкории арабҳо" (САС), ки ба ҳайати он Миср, Ироқ, Урдун ва Яман дохил мешаванд.

Соли 1989 дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои араб як табаддулоти бузурге ба миён омад.

Пешрафти иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоро ба назар гирифта, бо мақсади ҳарчи тезтар аз байн бардоштани ихтилофоти байни давлатҳои араб ва дар ин асос мустаҳкам намудани робитаҳои иқтисодии байнидавлатӣ, тадбирҳои зиёде ба амал бароварда шуд.

Моҳи феврали соли 1989 дар Марокаш конференсияи сарварони давлатҳои Африкаи Шимолӣ баргузор гашта буд. Баъд аз музокираҳои зиёд иштироккунандагони конференсия ба хулосае омаданд, ки барои таъмини пешрафти иқтисодии давлатҳои Африкаи Шимолӣ ва баровардани онҳо аз бӯҳрони иқтисодӣ пеш аз ҳама роҳи муттаҳидшавиро пеш гирифтан лозим аст. Ба ҳалли ин масъала бо

пешина
аз 785
навбатӣ