Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ барқарор шудааст. Аз тариқи ин Хазина Ҳукумати Миср тобистони 1997 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли озуқа ба маблағи умумии 50 ҳазор доллари ИМА ёрии башардӯстона фиристода буд.
Аз 21 то 25 октябри 1998 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Назаров бо даъвати ҷониби мисрӣ дар Конфронси ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Миср ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд, бо Вазири корҳои хориҷии Миср Амр Мусо вохӯрда, ба ӯ паёми шахсии Президент Э.Ш.Раҳмоновро ба унвони Президенти Миср Ҳ.Муборак супорид.
Сентябри 2000 Котиби кулли Хазинаи мисрии ҳамкории техникӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ашраф Заъзаъ ба Душанбе сафар кард. Дар ҷараёни сафар ӯ бо Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмии кишвар мулоқот намуд. Дар мулоқотҳо асосан масъалаҳои мусоидат намудани ин Хазина дар таълиму тарбияи мутахассисони тоҷик дар марказҳои омӯзишии Миср мавриди баррасӣ қарор гирифта буданд.
Дар маҷмӯъ аз ҷониби Миср таваҷҷӯҳи рӯзафзун ба густариши муносибатҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад.
5.6.5. Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Арабии Сурия
Сурия кишварест, ки дар олами араб мавқеи ниҳоят баланд дорад.
Марти соли 1992 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Форуқ аш-Шараъ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди корӣ ба амал овард. Дар ҷараёни сафари мазкур, 29 март, санадҳои зерин ба имзо расиданд:
-
Протокол дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Сурия;
-
Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё