Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Созишномаи тиҷоратӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия;

  2. Созишнома дар бораи ҳамкории фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия.

Дар доираи Мулоқоти навбатии сарварони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ 9 декабри 1997 дар Теҳрон мулоқоти кӯтоҳмуддати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Э.Ш. бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Ҳофиз Асад доир шуд.

5.6.6. Муносибатҳо бо Ҷамоҳирияи Сотсилистии Халқии Арабии Либия

Аз ҷиҳати сиёсӣ Либия кишваре мебошад, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тафоҳуми лозим пайдо накардааст.

Либия ба туфайли сифати баланди нафти истихроҷшаванда ва содиршаванда имкониятҳои бузурги молиявӣ дорад.

Ҷамоҳирияи Сотсилистии Халқии Арабии Либия (ҶСХАЛ) дар қатори нахустин кишварҳои ҷаҳон истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро (4 декабри 1991) ба расмият шинохтааст.

Декабри соли 1991 як ҳайати либиягӣ, ки ба он котиби кулли ҷамъияти байналхалқии даъвати исломӣ ҷаноби Муҳаммад Аҳмад Шариф роҳбарӣ мекард, аз Душанбе боздид ба амал овард. Дар ҷараёни сафари ин ҳайат Ёддошти тафоҳум дар хусуси нияти ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, техникӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

27 апрели 1998 дар Алмаато Протоколи барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамоҳирияи Сотсилистии Халқии Арабии Либия аз ҷониби сафирони ду кишвар дар Қазоқистон ба имзо расид.

Дар нимсолаи аввали 1998 фиристодаи махсуси роҳбари Ҷамоҳирияи Либия, Вазири маориф ва илми ин кишвар ба Душанбе сафар дошт, ки ӯро дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Э.Ш. ба ҳузур қабул намуд.

10-13 ноябри 2000 ҳайати Ҷамоҳирияи Сотсилистии Халқии Арабии Либия бо роҳбарии муовини котиби Кумитаи умумихалқии робитаҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалӣ (муовини вазири

пешина
аз 785
навбатӣ