Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
корҳои хориҷӣ) Саъд Мустафо Муҷбир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дошт. Ҳангоми сафар ҳайати либиягӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Оқилов ва дигар шахсони расмӣ вохӯрд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо асосан мавзӯъҳои вобаста ба имкониятҳои барқарор намудани робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ шуда буданд.
5.6.7. Муносибатҳо бо Давлати Қатар
Давлати Қатар сарфи назар аз хурдии масоҳат ва кам будани аҳолиаш дар солҳои охир дар минтақаи Шарқи Наздик обрӯю эътибори зиёд пайдо карда истодааст. Дар ин кишвар захираҳои калонтарини гази табиии ҷаҳон қарор доранд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 13 декабри 1994 дар Дорулбайзо (Мағриб) ҳангоми баргузории Мулоқоти ҳафтуми сарварони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ барқарор шудааст.
10 декабри 1997 дар Теҳрон ҳангоми баргузории мулоқоти навбатии сарварони давлатҳои кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов бо амири Қатар шайх Ҳамад барпо шуд.
15-19 марти соли 1998 дар Давҳа (Қатар) иҷлосияи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Т. Назаров ширкат намуд. Дар ҷараёни иҷлосия Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Қатар мулоқот дошт. Дар мулоқоте, ки байни амири Қатар ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, ба амир паёми Президент Э. Раҳмонов супорида шуд.
17-18 майи 2000 дар Душанбе Вазири алоқаи Қатар шайх Аҳмад ибни Носир Оли Сонӣ сафар дошт. Ӯро Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмонов ба ҳузур пазируфт. Вазири қатарӣ ба Президенти Тоҷикистон паёми амири Қатарро супорид, ки дар он Президент Э.Раҳмонов барои иштирок дар мулоқоти навбатии сарварони давлатҳои кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё