Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ки дар Давҳа ноябри 2000 баргузор мегардад, даъват шуда буд. Вазири алоқаи Қатар ба имкониятҳои табиию иқтисодии Тоҷикистон ҷиҳати рушди робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ҳар ду кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.
Дар ҷараёни иштирок дар Мулқоти сарварони давлатҳои кишварҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ, ки дар пойтахти Қатар, Давҳа 12-14 ноябри 2000 баргузор гардид, Президент Э. Раҳмонов бо амири Қатар шайх Ҳамад ибн Халиф ат-Тони вохӯрд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои минбаъдаи дуҷонибаи ба ҳар ду ҷониб манфиатбахш мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
5.6.8. Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ироқ
Ҷумҳурии Ироқ низ яке аз кишварҳои муҳими арабӣ мебошад. Вале сиёсати ғалати роҳбарияти ин кишвар сабаб шуд, ки он дар низои байналмилалӣ қарор гирад. Пас аз ба Кувайт ҳамла овардани Ироқ, нисбат ба ин кишвар таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҷорӣ шуданд. Дар натиҷа, ҳар сол ба иқтисодиёти ин кишвар миллионҳо доллари ШМА зарар расонида мешавад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ироқ ноябри соли 1995 бо имзо гардидани Протоколи дахлдор барқарор шудаанд. Сафири Ироқ дар Тоҷикистон ҷаноби Фаҳмӣ Ҷумъа (қароргоҳаш дар Москва) мебошад. Бо дарназардошти наздикии ҷуғрофӣ ва имкониятҳои васеи молиявии Ироқ, инкишофи муносибатҳо бо ин кишвар дар оянда барои Тоҷикистон аҳамияти зиёд хоҳад дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё